Ба гузориши манобеи хабарӣ, аз 22 ҳазор донишомӯзи духтар ва писар аз 533 мадрасаи давлатӣ ва ғайридавлатӣ бо ширкат дар шастумин давраи мусобиқоти солиёнаи ҳифзи Қуръони Карими донишомӯзӣ дар Қатар дар ҳоли рақобат ҳастанд.
Ин мусобиқот ба ҳиммати вазорати авқоф ва умури исломӣ ва бо ҳамкории вазорати омӯзиш ва парвараш ва омӯзиши олии Қатар баргузор мешавад.
Ҷосим Абдуллоҳ, дастёри идораи даъват ва иршоди динии вазорати авқофи Қатар дар бораи ин давра аз мусобиқот гуфт: озмунҳои муртабит ба мусобиқот дар навбати субҳ аз соати 7:30 то 11:00 зӯҳр баргузор мешавад ва дар ин росто 4 масҷид ба ин амр ихтисос дода шудааст. 47 кумитаи доварии вижаи писарон дар масҷиди ҷомеи Доҳа, масҷиди Ҳамза ибни Абдулмуталлиб дар Ал-Вукра, масҷиди Усмон ибни Афон дар Хӯр ва масҷиди Ал-Мона дар Ал-Вааб ва ҳамчунин донишгоҳи Ал-Маҳо мустақар шудаанд.
Вазорати авқофи Қатар ҳамчунин 9 маркази Қуръонии вижаи бонувон шомили 62 кумитаи довариро низ ба бахши духтарони ин давра аз мусобиқот ихтисос додааст.
Вазорати авқофи Қатар дар солҳои ахир анҷоми фаъолиятҳои Қуръонии мутааддидеро дар дастури кор қарор додааст. Баргузории мусобиқоти байналмилалӣ ба вижа мусобиқаи «бартарини бартаринҳо» ва ҳамчунин баргузории мусобиқоти ҳифз ва тиловати Қуръони Карим дар канори баргузории давраҳои мухталифи омӯзишӣ бахши муҳимме аз ин фаъолиятҳоро ташкил медиҳад.
https://iqna.ir/00HXr6