Ба гузориши манобеи хабарӣ, чиҳилу дувумин рӯз аз ҷанги таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза дар ҳоле оғоз шудааст, ки ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи Фаластинён, ҳамла ба манотиқи максунӣ, паноҳгоҳҳо ва бемористонҳо ҳамчунон идома дорад.
Созмони омори Фаластин дар иттилоияе эълом кард, ки ба рағми ҳамалоти шадиди заминӣ ва ҳавоӣ режими Исроил, ҳам акнун 807 ҳазор нафар дар шимоли Навори Ғазза зиндагӣ мекунанд.
Бар ин асос, дар ин минтақа пеш аз оғози амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо ва ҳамалоти режими Исроил дар ҳафтуми октябр 1,2 миллион нафар зиндагӣ мекард.
Бо оғози ҳамалоти Исроил, наздик ба 400 ҳазор нафар аз ҷамъияти Ғазза ба манотиқи марказӣ ва ҷанубии Навори Ғазза муҳоҷират карданд.
Хатари марги беш аз 7 ҳазор тан дар бемористони Шифо
Давлати Фаластин дар Ғазза эълом кард: беш аз 7 ҳазор овора, бемор ва неруҳои кодри дармон ба иллати камбуди об ва ғизо дар бемористони Шифо, ки тавассути Исроил муҳосира шудааст бо хатари марг рӯбарӯ ҳастанд.
Аз сӯи дигар даргириҳои дар атрофи бемористони Ал-Маъмадонӣ гузориш шуда ва авзоъ дар он бисёр душвор ва хатарнок аст.
Манобеи хабарӣ аз авзоъи хатарноки садҳои маҷрӯҳ дар бемористони Индонезия ба иллати набуди дармон ва дору хабар доданд.
Видеои аз ҳузури низомёни режими кӯдаккуши саҳюнистӣ дар муҷтамеи Шифоро мушоҳида мекунед, ки дар ҳоли хориҷ кардани кормандони ёрии таъҷилӣ аз сохтумони бемористон ҳастанд.
Режими саҳюнистӣ ҳамчунон аз расидани кумакҳои башардӯстона ба борикаи Ғазза мумонаъат мекунад, ки ин амр ба вахомати бештари авзоъи инсонӣ дар ин минтақа доман задааст.