IQNA

Сураҳои Қуръон / 110

Хабарҳои Қуръон дар мавриди ояндаи Ислом дар сураи Наср

21:26 - November 18, 2023
рақами хабар: 717
Теҳрон (ИКНА) бахше аз Қуръони Карим хабарҳое дар мавриди ояндааст; Ба унвони мисол хабарҳое, ки дар мавриди пирӯзиҳои мусулмонон ва густариши Ислом дар саросари ҷаҳон баён кардааст.

Саду даҳумин сураи Қуръони Карим “Наср” ном дорад. Ин сура бо се оят дар ҷузъи сиюми Қуръон қарор гирифтааст. Наср, ки сураӣ маданӣ аст, дар тартиби нузул саду дувумин сурае аст, ки бар Паёмбар(с) нозил шудааст.

Далели номгузории ин сура, омадани калимаи “Наср” дар аввалин ояти ин сура аст, ки аз пирӯзии мусулмонон ба кумаки Худо сухан гуфтааст.

Ин сура дар мавриди ду иттифоқе сухан гуфта, ки марбут ба ояндааст. Аввалин иттифоқ дар ояти аввал омада: إِذَا جَاءَ نَصْرُ اللَّهِ وَالْفَتْحُ: “Вақте ёрии Худо ва пирӯзӣ фаро расад”. Бисёре аз муфассирон манзур аз пирӯзӣ дар ин ояро фатҳи Макка ба дасти мусулмонон донистаанд ба далели инки фатҳи Макка дар даврони Паёмбар (с) иттифоқ афтод; Иттифоқе, ки боис шуд ширк ва бутпарастӣ аз байн биравад ва Макка табдил ба маркази Худопарастӣ шавад. Пас аз он Ислом густариш пайдо кард ва мусулмонон ба пирӯзиҳои бештаре расиданд.

Дувумин иттифоқи матраҳ шуда дар ин сура, хабар аз оянда дар мавриди истиқболи гурӯҳҳои мардумӣ ба Ислом аст: وَرَأَيْتَ النَّاسَ يَدْخُلُونَ فِي دِينِ اللَّهِ أَفْوَاجًا: “Ва бубин, ки мардум даста даста дар дини Худо дароянд”.

Худованд ба Паёмбараш ин хабари хушро медиҳад, ки дар ояндаи мардум ба сурати гурӯҳ гурӯҳ ба дини Худо ё ҳамон Ислом рӯй меоваранд. Ин хабарро метавон барои давраи баъд аз фатҳи Макка ва пирӯзии мусулмонон ва нобудии бутпарастон донист, ки гурӯҳҳо ва қабилаҳо аз шаҳрҳои мухталиф ба Макка меомаданд то мусулмон шаванд.

Ҳарчанд метавон ин мавзӯъро ишора ба қарнҳои баъдӣ низ донист чаро, ки гурӯҳҳои мардумӣ ва кишварҳои мухталиф ба Ислом рӯй оварданд ва Ислом дар бахшҳои мухталифи ҷаҳон густариш пайдо кард.

Дар ояти севум, баъд аз эъломи ин ду хабари хуш ва ҳатмӣ, се дастури муҳим ба Паёмбари Ислом (с) медиҳад, ки вокуниши муносибе дар баробари ёрии Худованд аст: فَسَبِّحْ بِحَمْدِ رَبِّكَ وَاسْتَغْفِرْهُ إِنَّهُ كَانَ تَوَّابًا: “Пас ба ситоиши Парвардигорат ниёишгар бош ва аз Ӯ омӯрзиш хоҳ, ки вай ҳамвора тавбапазир аст”.

“Тасбеҳ” ба маънои пок донистани Худованд аз ҳаргуна айб ва нақс ‍ аст ва «ҳамд» ситоиш ва тавсифи Худованд аст ва «истиғфор» дархост барои бахшиш дар баробари заъфҳо ва кӯтоҳиҳои бандагон аст.

Ин пирӯзии бузург нишон дод, ки Худованд ёронашро танҳо намегузорад, Худованд бар анҷоми ваъдаҳояш тавоно аст ва низ бандагон ба нақси худ дар баробари бузургии Ӯ эътироф мекунанд.

 

captcha