IQNA

Ҳузури 15 ҳазор қорӣ дар сездаҳумин давраи мусобиқоти Қуръони Иморот

22:22 - November 18, 2023
рақами хабар: 719
Иморот (ИКНА) сездаҳумин давраи мусобиқоти Қуръони Иморот, ки бо ҳузури 15 ҳазор ширкаткунанда дар панҷ риштаи ҷадид дар Абу Дабӣ баргузор шуда буд ба кори худ поён дод.

Идораи кулли умури исломӣ ва авқофи Иморот, сездаҳумин давраи ҷоизаи ҳифз ва қироати Қуръони Каримро, ки ин идора солона баргузор мекунад поён дод.

Дар ин мусобиқот, тилоб ва донишҷӯёни марокиз ва маҳофили ҳифз, қуръономӯзони марокиз ва ҳалқаҳои ҳифз тобеъаи авқоф, қуръономӯзони конунҳои ислоҳ ва тарбияти Иморот ширкат мекунанд.

Маҷмӯъи ширкаткунандагон дар сездаҳумин давраи мусобиқоти Қуръони Иморот ба 15000 ширкаткунанда расид, ки аз ин теъдод 8000 нафар воҷиди шароит буданд ва 1200 ширкаткунанда мавриди таҷлил қарор гирифтанд. Риштаҳои ин мусобиқот аз 5 ришта дар солҳои аввал ба 10 ришта афзоиш ёфт.

Дар ин маросим, ки дар Абу Дабӣ баргузор шуд, Умар Ҳабтун Ад-даръӣ, раиси идораи кулли умури исломӣ дар суханоне ба барандагон ба хотири касби ифтихор дар ҳифзи китоби Худо ва ширкат дар ин мусобиқот табрик гуфт.

Вай дар идомаи суханони худ гуфт: алоқаи наслҳои мо ба китоби Худованди Мутаол нишонаи хайр ва салоҳ ва хушбинӣ дар ҷомеа аст. Қуръон ба унвони муаллим ва мураббӣ ва ҳофиз аз шар ва наҷотдиҳанда аз ҳалокат кофӣ аст ва ҳофизони китоби Худо касоне ҳастанд, ки Худованд онҳоро баргузида ва бар бисёре аз дигарон бартарӣ бахшидааст.

Вай гуфт: ҳамчунин имсол як муносибати ҷаҳонӣ мусодиф бо таърихи ин маросим яъне рӯзи ҷаҳонии Тасоҳул аст. Қуръони Карим манбаъи асил ва бузурги Тасоҳул ва ҳамзистӣ байни башарият аст. Қуръон дар аҳком ва достонҳои худ ба мо меомӯзад, ки ба дигарон эҳтиром бигузорем ва моро ба эътидол ва нафйи ифротгароӣ ташвиқ мекунад. Ҳар, ки ба ахлоқ ва арзишҳои Қуръон ороста бошад аҳли мудоро ва эътидол хоҳад буд.

Дар ин маросим ҳамчунин филме дар бораи таърихи сездаҳ давраи ин мусобиқот ва гуфтугӯ бо нафароти бартар пахш шуд.

https://iqna.ir/fa/news/4182449

captcha