IQNA

Раҳбари инқилоби исломӣ: 

Имрӯз дунё мутаваҷҷеҳи адами рӯёрӯӣ варзишкорони эронӣ бо саҳюнистҳо шудааст

18:16 - November 22, 2023
рақами хабар: 738
Теҳрон (ИКНА) раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори варзишкорон ва медаловарони бозиҳои Осиёӣ ва Пара-Осиёӣ "Ханчжоу" фармуданд: имрӯз ҳамаи дунё дигар фаҳмиданд, ки варзишкори эронӣ чаро розӣ намешавад бо тарафи саҳюнистӣ рӯ ба рӯ бишавад дар майдон, инро дигар имрӯз дунё фаҳмида чун ӯ ҷинояткор аст, чун барои як давлати ҷинояткор дорад варзиш мекунад ва дар майдон меояд, кумак ба ӯ кумак ба режими террорист ва ҷинояткор аст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърисонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, медаловарони бозиҳои Осиёӣ ва Пара-Осиёӣ "Ханчжоу" ва ҷамъе аз варзишкорон, қаҳрамонон, пешкисватон ва фаъолони арсаҳои варзишӣ субҳи имрӯз, чаҳоршанбе 22 ноябр, бо ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ раҳбари Инқилоби исломӣ дидор карданд.

Бахшҳое аз баёноти раҳбари Инқилоб дар ин дидор ба шарҳи зайл аст:

Ташаккур мекунам аз он тими миллие, ки ба нишонаи дифоъ аз мазлум бо чафия вориди замин шуд, ташаккур мекунам аз варзишкорҳое, ки ҳар кадом ба наҳве дар ҳимоят аз Фаластин мавзеъ гирифтанд. Медалашонро ба кӯдакони Ғазза доданд, медалашонро ба шуҳадои бемористон, ки маҳалли фоҷиаофаринии режими саҳюнистӣ буд эҳдо карданд.

Ташаккур мекунам аз варзишкороне, ки аз рӯё рӯӣ бо тарафи саҳюнистӣ худдорӣ карданд, имрӯз маълум мешавад, ки инҳо чӣ кори дурусте анҷом доданд, ҳаққонияти инҳо имрӯз бештар аз ҳамеша ошкор мешавад.

Ин корҳо чеҳраи барҷаста ва шохис ва дорои мантиқ ва дорои эътимод ба нафс аз миллати Эронро дар муқобили чашмҳои садҳо миллион мардуми тамошогари варзиш нишон медиҳад.

Ташаккури самимона мекунем аз медаловарон. Ташаккур мекунам аз бонувони варзишкор, аз он бонуе, ки бо ҳиҷоби комил парчами ин давра аз варзишҳои осиёиро ҳамл кард ва дар муқобили як дунё ҳувият ва шахсияти зани эрониро нишон дод. Ташаккур мекунам аз он бонуи варзишкоре, ки дар ҳангоми эҳдои медал ҳозир нашуд бо марди номаҳрам даст бидиҳад, ӯ дасташро дароз кард, ин бону даст надод.

Мигӯянд варзиш сиёсӣ нест, аммо он вақте, ки эҳтиёҷ доранд, ки варзишро сиёсӣ кунанд ба бадтарин шакл варзишро сиёсӣ мекунанд.

Имрӯз ҳамаи дунё дигар фаҳмиданд, ки варзишкори эронӣ чаро розӣ намешавад бо тарафи саҳюнистӣ рӯ ба рӯ бишавад дар майдон, инро дигар имрӯз дунё фаҳмида чун ӯ ҷинояткор аст, чун барои як давлати ҷинояткор дорад варзиш мекунад ва дар майдон меояд, кумак ба ӯ кумак ба режими террорист ва ҷинояткор аст.

https://iqna.ir/fa/news/4183469

captcha