Ба гузориши вазорати умури хориҷаи Ироқ дар номае хитоб ба сафорати Фаластин дар Бағдод расман эълом кард: тавлияти Остони муқаддаси Ҳусайнӣ омодагии муолиҷаи маҷрӯҳони фаластинӣ дар бемористонҳои вобаста ба худро дорад.
Дар ин нома омадааст: ҳамоҳангӣ бо ҷамъияти ҳилоли Аҳмари Ироқ ва ҷамъияти ҳилоли Аҳмари Фаластин дар хусуси раванди интиқоли маҷрӯҳон ба бемористонҳои вобаста ба Остони муқаддаси Ҳусайнӣ анҷом хоҳад шуд.
Пештар Остони муқаддаси Ҳусайнӣ эълом карда буд, ки омодагии пазириши захмӣ шудагони ҳамалоти режими ишғолгар ба мардуми Ғазза дар бемористонҳои вобаста ба худро дорад.
Аз ибтидои ҳамалоти режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба Навори Ғазза 14854 фаластинӣ шаҳид шудаанд, ки дар ин миён беш аз 6150 кӯдак ва беш аз 4000 зан низ будаанд. Илова бар ин ҳудуди 7000 нафар ҳанӯз мафқуд буда ё зери овор ҳастанд. Бархе аҷсод низ дар хиёбонҳо ва ҷодаҳо боқӣ монда ва илова бар ин ҳанӯз аз сарнавишти бархе маҷрӯҳон ҳам иттилое дар даст нест.