IQNA

21:09 - June 06, 2023
рақами хабар: 76
Сураҳои Қуръон / 7

Сураи Аъроф; Тасвире аз бад аҳдии инсон дар баробари Худованд

Дар мавриди офариниши инсон ва ҷаҳони ҳастӣ назарияҳои мутафовите баён шудааст, аммо аз нигоҳи Ислом, Худованд тамоми ҳастӣ ва инсонҳоро дар муддат замони маълуме офаридааст; Ҳамчунин аз назари Ислом, инсонҳо пеш аз хилқат бо Худои худ аҳд ва паймон бастаанд то ҷонишини Худованд дар замин бошанд.

Сураи Аъроф; Тасвире аз бад аҳдии инсон дар баробари Худованд

Ҳафтумин сураи Қуръони Карим, “Аъроф” ном дорад, ки бо 206 оят, дар ҷузъҳои ҳаштум ва нӯҳуми Қуръон қарор гирифтааст; Сураи Аъроф аз сураҳои макӣ аст ва сию  нӯҳумин сурае аст, ки бар Паёмбар(с) нозил шудааст. Нузули сураи Аъроф дар сахттарин шароити мусулмонон, яъне дар даврони муҳосираи иқтисодӣ дар Макка буд.

Сураи Аъроф монанди дигар сураҳои макӣ, ба мавзӯъоти офариниш, исботи тавҳид, мубориза бо ширк ва баёни ҷойгоҳи инсон дар ҷаҳони офариниш пардохтааст. Ва аз онҷо, ки ибтидои офариниш ба тасвир кашида шуда, паймонҳои инсонро ёдоварӣ кунад, ки ӯ аз ибтидои хилқат бо Худованд аҳд бастааст; Ҳамчунин барои нишондодани натиҷаи инҳироф аз масири тавҳид, ба саргузашти ақвоми пешин ва паёмбароне ҳамчун Нӯҳ(а), Лут(а) ва Шуайб(а) мепардозад.

Мавзӯъоти аслии сураи Аърофро метавон ингуна баршумурд:

Офариниши инсон

Ин сура ба сурати муфассал дар мавриди офариниши Одам ва Ҳаво, ду инсони нахустин, фиреб хӯрдани онон аз Иблис ва хурӯҷашон аз биҳишт ва чигунагии оғози зиндагияшон дар замин сухан гуфтааст.

Унси бо Қуръон

Аз Қуръони Карим, ба унвони китоби илоҳӣ дар ҷиҳати ҳидояти хос ва раҳмати вижаи Худованд нисбат ба ҷаҳониён ёд мекунад ва рӯзи қиёматро рӯзи зуҳури тафсири Қуръон меномяд.

Оғози офариниши замин ва осмон

Бори дигар, оғози офариниши замин ва осмонро баён мекунад ва роҳёбӣ ва гумроҳии инсонҳоро дар иртибот бо Парвардигорашон мушаххас мекунад.

Достони ҳазрати Мӯсо(а)

Саргузашти ҳазрати Мӯсо(а) низ ба сурати муфассал дар ин сура омадааст. Ибтидо ба иттифоқот мепардозад, ки байни ӯ бо Фиръавн афтода ва пас аз он рафтори бани Исроил бо Мӯсо(а) баён мешавад.

Паймонҳои илоҳӣ

Ҳамчунин паймонҳое, ки байн инсон ва Худованд баста шударо ёдоварӣ мекунад ва инсонро масъули ширк ва имон худ муаррифӣ мекунад ва дар ин робита достонҳои марбут ба талоши Паёмбарон барои ҳидояти афрод овардашудааст.

Охират

Мавзӯъи рӯзи қиёмат яке дигар аз масоиле аст, ки дар ин сура ёд шуда; Масъалае, ки касе ҷуз Худованд аз он иттилоъ надорад.

Калидвожаҳо: Қуръони Карим, сураҳои Қуръон, 114, сураи Аъроф, ҳазрати Мӯсо, бани Исроил, қиёмат, офариниш, хилқати инсон

captcha