IQNA

Азсаргирии ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба Ғазза пас аз поёни оташбас

17:48 - December 01, 2023
рақами хабар: 769
Фаластин (ИКНА) бо поёни оташбаси башардӯстона дар Навори Ғазза, артиши ҷинояткори режими ишғолгари саҳюнистӣ аз субҳи имрӯз аз ҳаво ва замин бомбаборони ин минтақаро аз саргирифтааст; Бар асари ин ҳамалот чандини фаластинӣ шаҳид ва маҷрӯҳ шуданд.

Ба гузориши Алҷазира, оташбаси башардӯстона дар Навори Ғазза, ки ба муддати ҳафт рӯз идома дошт соати ҳафти субҳи ҷумъа ба вақти маҳаллӣ поён ёфт.

Дафтари расонаҳои давлатии Ғазза эълом кард ҳавопаймоҳои ишғолгарон ҳамалотеро ба ҷануби Навори Ғазза анҷом доданд. Ҳамчунин манобеи маҳаллӣ гузориш доданд, ки ишғолгарон ба манотиқи шайх Ризвон ва шимоли шаҳри Ғазза ҳамла карданд.

Артиши кӯдаккуш ва ҷинояткори режими саҳюнистӣ азсргирии набардҳо бо Ҳамос дар Навори Ғаззаро расман эълом кард. Авиха Адрай, сухангӯи артиши режими палиди саҳюнистӣ муддаӣ шуд: Ҳамос тавофуқро нақз ва гулӯлаҳоеро ба самти Исроил шиллик кард.

Вай гуфт: артиши Исроил дар рӯёрӯӣ бо Ҳамос, фаъолсозии муҷаддади оташро эълом кардааст.

Авиха Адрай афзуд: пайгирии фаъолсозии ожирҳои ҳушдор дар Киббутз Хулит, шиллики чанд хумпора аз Навори Ғазза ба самти Исроилро нишон дода, ки раҳгирӣ шудаанд.

Хабарнигори Русия Ал-Явм эълом кард: ҳавопаймоҳои ҳидоятшавндаи исроилӣ ба осмони Хонюнус ва Рафаҳ бозгаштанд.

Ҳамчунин субҳи имрӯз тӯпхонаи режими саҳюнистӣ дар поёни ҳафтумин рӯз аз имдодрсонии муваққати башардӯстона, хонаҳои шаҳрвандонро дар ғарби шаҳри Ғазза бомбаборон кард ва неруҳои ишғолгар бо мусалсалҳои сангин чандин маҳаллаи шаҳри Ғаззаро ҳадаф қарор доданд.

https://iqna.ir/fa/news/4185109

captcha