Севуми декабр рӯзи ҷаҳонии афроди дорои маълулият аст. Ин рӯз як муносибати байналмилалӣ аст, ки аз соли 1992 тавассути Созмони Милали Муттаҳид номгузорӣ шудааст. Ҳадаф аз баргузории ин рӯз огоҳибахшӣ дар бораи масоили марбут ба маълулият ва ҷалби ҳимояти умумӣ аз каромат, ҳуқуқ ва рифоҳи афроди дорои маълулият аст. Шиори имсоли ин рӯз «муттаҳид дар амал барои расидан ба тавсеаи пойдор, бо кумак ва барои афроди дорои маълулият» аст.
Дар дини Ислом таваҷҷуҳи хоссе ба мавзӯъи маълулият шудааст. Дар Ислом, иллати маълулият ношӣ аз аъмоли нодурусти фарди маълул ё волидайни онҳо нест. Балки аз назари Ислом, маълулият озмоише аз ҷониби Худованд аст. Қуръон ба мардум тавсия мекунад, ки бо афроди камтавони зеҳнӣ бо меҳрубонӣ рафтор кунанд ва аз афроди маълул ҳимоят кунанд. Дар сираи ҳазрати Муҳаммад(с) омадааст, ки ишон бо афроди маълул бо эҳтиром рафтор мекард.
Масири қуръонӣ, аз кӯдакӣ то устодӣ
Фотима хонум дар муаррифи худ гуфт: ман аҳли ҷануби Лубнон ҳастам ва 25 сол син дорам; Дар донишкадаи адабиёт ва улуми инсонии донишгоҳи Лубнон дарс мехонам;
Вай афзуд: тарҳи ҳифзи кулли Қуръони Каримро аз понздаҳ солагӣ шурӯъ кардам; Замоне, ки як устоди ҷадид, ки шайхи нобино ва ҳофизи Қуръони Карим буд, ворид муассиса шуд.
Вай идома дод: 3 солу ним тӯл кашид то кулли Қуръонро ҳифз кунам ва дар синни ҳаҷдаҳу ним солагӣ ҳифзро ба поён расондам ва ба лутфи Худованди Таборк ва Таоло дар ҳоли ҳозир ба тадриси ҳифз ва қироати Қуръон мепардозам. Фаъолиятҳои ман дар заминаи тадрис ва ширкат дар мусобиқоти дохилӣ ва байналмилалии ҳифз ва қироати Қуръон ва ширкат дар шабҳо ва маҳофили қуръонӣ дар муносибатҳои мухталиф аст.
Нашри паёми инсонӣ ва ахлоқии Қуръони Карим
Фотима Юнус дар посух ба саволе дар мавриди орзӯи худ гуфт: ҳар инсоне орзӯҳое дорад ва ман ҳамеша умедворам ва аз Худованд мехоҳам, ки дар нашри паёми инсонӣ ва ахлоқии Қуръони Карим дар миёни мардум ба ман тавфиқ диҳад. Ҳамчунин аз Худованди Маннон мехоҳам ман ва амсоли манро дар ин роҳ муваффақ гардонад.