Бо таваҷҷӯҳ ба зуҳури гурӯҳҳои ифротӣ дар ҷаҳон ва сӯиистифода аз номи Ислом тавассути ин гурӯҳҳо, маъно ва мафҳуми ҷиҳод бо калимаҳое ҳамчун ҷангталаб, хушунат ва куштор ҳамроҳ шудааст дар сурате, ки дини Ислом ҳамвора бар сулҳ ва оромиш таъкид мекунад; Ҳарчанд ҷиҳод бо мутаҷовизонро зарурӣ донистааст.
Номи ҳаштумин сураи Қуръони Карим “Анфол” аст; Ин сура маданӣ аст ва 75 оят дорад ва дар ҷузъҳои 9 ва 10 Қуръон қарор гирифтааст. Вожаи Анфол ба маънои ғанимат додан аст ва номгузории сура ба ин ном ба далели истифода аз ин вожа дар нахустин оят ва баёни аҳкоми он аст. Сураи Анфол ба аҳкоми фиқҳии Анфол ва сарватҳои умумӣ, хумс, ҷиҳод, вазоифи муҷоҳидон, рафтор бо асирон, зарурати омодагиҳои размӣ ва нишонаҳои мӯъмин ишора кардааст.
Ин сура баъд аз аввалин ҷанги мусулмонон бо мушрикин яъне ҷанги Бадр нозил шуда. Воқеаи муҳимме чун ҷанги Бадр, ки нахустин ҷиҳоди мусулмонон аст, ниёз ба дастурҳое дар бораи ҷанг ва рӯйдодҳои пас аз он монанди рафтор бо асирон ва тақсими ғаниматҳо дорад.
وَإِن جَنَحُوا لِلسَّلْمِ فَاجْنَحْ لَهَا وَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ إِنَّهُ هُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ؛; “Агар ба сулҳ гароиданд, ту [низ] баидон гарой ва бар Худо таваккул намо, ки ӯ шунавои доност” (Анфол, 61). Ин иборот, ки ба ояти сулҳ машҳур шудааст, бидуни қайд ва шарт, сулҳро дар муқобили сулҳгароӣ дар ҷанг матраҳ кардааст, ки нишондиҳандаи аҳамияти он аст.
Ин оят нишон медиҳад, ки Ислом ҷангро асл қарор надода ва то ҷое, ки имкон дорад дар пайи барқарории сулҳ аст. Албатта дар оёти дигаре аз Қуръон, масири сӯиистифодаи душманон аз ин рӯйкарди мусулмонон матраҳ шудааст.
Ҳадафи аслии сураи Анфол баёни шароити истифодаи мӯъминон аз кумакҳои ғайбии илоҳӣ аст, ки муҳиммтарин шарти он итоат аз Худо ва Паёмбараш аст ва дар канори он ба натоиҷи ин итоат ва сарпечӣ аз фармони Худо ишора мекунад. Ҳамчунин бар ин масъала таъкид дорад, ки Худованд ба ваъдҳҳое, ки дода, қатъан амал мекунад.
Дар ин сура ба масоиле назири лузуми омодагии размӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ барои ҷиҳод дар ҳар замон ва макон таъкид шудааст ва дар канори аҳкоми ҷангӣ, соири мавзӯъоти молӣ миёни мусулмононро низ мавриди таваҷҷӯҳ қарор додааст.
Моҷарои ҳиҷрати Паёмбари Ислом(с) аз Макка ба Мадина мавзӯъи дигаре аст, ки дар ин сура омада; Ҳамчунин афроде, ки барои ризои Худо ва бо эътимод ба Худо ва Паёмбар ҳиҷрат карданд, таҳсин шудаанд.
Калидвожаҳо: Қуръони Карим, сураҳои Қуръон, 114, Анфол, ҷанг, ҷиҳод, ғанимати ҷангӣ, муҳоҷират.