IQNA

Таҳияи барномаи нави таълими Қуръон барои кӯдакон дар Арабистони Саудӣ

19:20 - December 18, 2023
рақами хабар: 836
ИКНА - Анҷумани фаъол дар заминаи умӯри исломӣ дар Арабистон аз роҳандозии барномаи нав барои омӯзиши рӯхонии саҳеҳ ба кӯдакони зери ҳаштсол хабар дод.

Анҷумани хизмат ба суннат ва Қуръони Ал-Бурҳон аз роҳандозии барномаи "Солим" барои омӯзиши Қуръон ба кӯдакон бидуни ниёз ба муаллим ба унвони як намунаи фаннии мунҳасир ба фард хабар дод.

Ин нармафзор дар чорчуби истифода аз фанноварии модерн барои иртиқои арзишҳои кӯдакон ва афзоиши тавоноиҳои онҳо ироа ва бо буҷети бунёди хайрияи Абдуллоҳ Ар-Роҷиҳӣ таҳия шудааст.

Идеяи нармафзори Солим, як сафари достоние аст, ки дар он кӯдакони (4 то 8) сола бо дӯсте ба номи Солим, ки як кӯдаки мусаммам ва боҳуш ҳамроҳ мешаванд.

Корбарон дар як моҷароҷӯӣ истисноӣ ва ҳаяҷонангез бо тайи мароҳил ва мавонее, ки дар ҳар марҳала душвортар мешавад ба масири худ идома медиҳанд то ҷаъбаҳои нуреро, ки мавҷӯдоти шайтонӣ дуздидаанд ва бо он ба дохили ҷангал парвоз караанд бозпас бигиранд.

Дар поёни ин сафари ҷолиб, кӯдак метавонад аз тариқи бозиҳои ҷаззоб ва достонҳои танзии муфид, наҳваи талаффузи саҳеҳи ҳурӯф ва калимоти арабӣ ва қироати сӯраи Фотиҳаро ба сӯрати саҳеҳи биёмузад.

Ҳамаи инҳо аз тариқи нармафзорҳои қавӣ ва созгор бо телефонҳои ҳамроҳ ва таблет ва бо навовариҳои графикии ҳирфаӣ муносиб ва бо истифода аз фанновариҳои пешрафта ва абзори ҳуши маснӯъӣ, монанди «ташхиси гуфтор» (Speech Recognition) дар муҳити ҳаяҷонии пур аз ангеза ва ҷаззоб барои кӯдакон анҷом шудааст.

Илова бар ин фанноварии тасҳеҳи худкор барои кӯдак ҳангоми хондани калимот ё ҳангоми қироати сӯраи Фотиҳа, ки бо тавоноӣ болои ташхис ва таҷзия ва таҳлили садо ҳамроҳ аст ва пойгоҳҳои иттилоотӣ бо намӯнаҳои мухталифи таловат, барои итминон аз тасҳеҳи дақиқ ба омӯзиши кӯдакон кумак мекунад.

Абдурраҳмон бин Хузайр Ал-Хазир, дастёри мудири иҷроӣ анҷумани хизмат ба Қуръон ва суннати "Ал-Бурҳон" гуфт: Идеяи ин нармафзор дар натиҷаи тавсияи тиммӣ шакл гирифт, ки тавассути ин анҷуман мансӯб шуда буд. Мутолиот ва баррасиҳои дақиқ дар мавриди хадамоти ироа шуда ба кӯдакони зери ҳашт сол, камбӯди барномаҳои корбурдии муносибро, ки битавонанд омӯзиш ва бозиро бо ҳам таркиб кунанд барои ин гуруҳи синнӣ таъйид кард.

Абдурраҳмон бин Хузайр Ал-Хазир, хотирнишон кард, ки ин анҷуман ниёзи хонаводаҳои мусулмонро барои омӯзиши ҳурӯфи арабӣ ба кӯдакон ва тиловати Қуръон ба равиши осон эҳсос кард.

Ҳамчунин Фаҳдул Бараз, мудири барнома дар бунёди хайрияиАбдуллоҳ Ар-Роҷиҳӣ бар тавваҷуҳи ин муассиса ба ҳимояти комил аз ин барнома аз ибтидои оғоз ба кор таъйид кард. Вай ҳамчунин ба коргирии фанновариҳои пешрафта дар омӯзиши кӯдаконро муҳим донист.

https://iqna.ir/fa/news/4188553

captcha