





Рӯзи 8 июни соли 2023 бузургтарин масҷиди Осиёи Миёна, ки Қатар бо сарфи 100 миллион доллар дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон бунёд кард, ифтитоҳ шуд.
Дар маросими ифтитоҳи масҷиди ҷомеи марказии Душанбе, Эмомалӣ Раҳмон, амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, ки бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омадааст, ва дигар шахсони расмӣ иштирок карданд.
Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон бинои масҷидро “иншооти муҳими маънавӣ” ва “шоҳкории меъмории миллии тоҷикона” номида, навишт, Эмомалӣ Раҳмон ва амири Қатар бо масҷиду шароити барои намозгузорон муҳайёшуда шинос шуда, “ба сифати корҳои анҷомдодашуда, ки бо риояи суннатҳо ва нозукиҳои меъмории миллӣ иҷро шуда, таҷассумгари омезиши моҳиронаи арзишҳои миллӣ ва суннатҳои динӣ мебошанд, баҳои баланд доданд”. Эмомалӣ Раҳмон ба амири Қатар барои бунёди ин шоҳкорӣ изҳори сипос намуда, татбиқи лоиҳаро намунаи олии ҳамкории ду давлат арзёбӣ кардааст.
Пешниҳод гардид, ки ба хотири хизматҳои барҷаста дар олами ислом Масҷиди ҷомеи марказии Душанбе ба номи “Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит” гузошта шавад.
Санги асоси сохтмони ин масҷид 5 октябри соли 2009, ки иттифоқан зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон низ ҳаст, дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии асосгузор ва пешвои мазҳаби ҳанафӣ Абуҳанифа гузошта шуда, сохтмонаш амалан бо ду сол таъхир, 5 октябри соли 2021, боз ҳам дар зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт ва сохтмонаш дар умум қариб 12 сол тӯл кашид.
Масҷид дар майдонии 12 гектар ва худи бинои масҷид бо 3 даромадгоҳаш дар 3 гектари ин замин бунёд шуда, тавони ғунҷоиши 133 ҳазор намозгузорро дар як вақт дорад, ки аз ин шумора 43 ҳазор намозгузор дар дохили масҷид ва боқимонда дар гирду атрофи он ҷой мегиранд.
Масоҳати ошёнаи якуми бино, дар маҷмуъ, 18 ҳазору 444 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дохили толорҳо бо 14000 метри мураббаъ қолини истеҳсоли ватанӣ қолинпӯш гардида, дар қисмати ҷанубу ғарби толори намозгузории калон меҳроб ҷойгир шудааст.
Масҷид аз 4 манора бо баландии 74 метр, ду манораи хурди ороишӣ бо баландии 21 метр, гумбази зебову мунаққаши калон бо баландии 43 метр ва 17 гумбази хурд бо баландии 35 метр иборат мебошад. Дар дохили масҷид 6 синфхонаи барҳаво, толори қабули меҳмонон ва гузаронидани мулоқоту вохӯриҳо, 2 китобхона, 9 ҳуҷраи корӣ, 3 меҳмонхона ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир шудааст.
Намои берунаи бинои иншоот 62 ҳазору 393 метри мураббаъро ташкил дода, масоҳати 33 ҳазору 963 метри мураббаъи он бо мармари сафед оро дода шудааст.
Гирду атрофи иншоот дар майдони 92 ҳазор метри мураббаъ кабудизор карда шуда, дар ду тарафи даромадгоҳ, ҳамчунин, таваққуфгоҳ барои 500 мошин бунёд кардаанд.
Барои ороиши масҷид 6630 метри мукааб кошин ва 2800 метри мукааб мармари сиёҳ истифода шудааст. Саҳни ҳавлии дохили бино аз 4800 метри мураббаъ ва як фаввора иборат буда, дар он ҷо дар як вақт 8000 намозгузор ҷой гирифта метавонад. Дар маҷмӯъ, масҷид дорои 178 дар мебошад, ки 40 дараш аз чӯби чормағз сохта шудааст.
Хадамоти матбуоти президент гуфт, “ин на танҳо як масҷид, балки пойгоҳи замонавии фарҳангу таърихи исломӣ буда, толорҳои он тавре бунёд шудаанд, ки дар онҳо чорабиниҳои мухталифи илмиву фарҳангӣ ва ҳамоишҳои сатҳу зинаҳои гуногун гузаронда мешаванд.”
Сохтмони масҷиди нав бо ҷалби беш аз 1000 коргар аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ – пудратчии асосӣ Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “СТС-Иншоот” ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Сомон таҷҳизот” анҷом ёфта, 30 майи соли 2018 дар паҳлуи масҷид сохтмони Донишкадаи исломии Тоҷикистон низ оғоз ёфт. Ин донишкада барои 1500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардидааст.





