Ба гузориши пойгоҳи итилоъ расонии остони муқаддаси имом Ҳусайн (а) Ҷаъфар Мусавӣ, мудири шабакаи Қуръони Карими вобаста ба гуруҳи шабакаҳои моҳвораӣ Карбало дар гуфтугӯ бо пойгоҳи итилоъ расонии остони муқаддаси имом Ҳусайн (а) гуфт: бар асоси дастури шайхи Абдулмаҳдии Карбалоӣ, намояндаи марҷаъияти Ироқ ва тавлияти остони муқаддаси имом Ҳусайн (а) тасмим гирифта шудааст то солона мусобиқоти қуръонӣ таҳти унвони «هدی للمتقین» (Ҳудо лилмуттақин) баргузор шавад.
Вай хотирнишон кард: имсол ин мусобиқот бо мушорикати 80 ширкаткунанда аз саросари Ироқ ва кишварҳои дигар баргузор хоҳад шуд.
Ҷаъфар Мусавӣ афзуд: ин мусобиқа дар Ироқи мунҳасир ба фардаст ва маҳсули тавонмандиҳо ва зарфияти мавҷуд дар Ироқ аст. Ба гӯнае, ки доварон, муҷриён, таҳиякунандагон, нозирон ва коргардонони ин мусобиқот аз Ироқ хоҳанд бад.
Вай дар идома гуфт: дар ин мусобиқот қорӣ ва муаззини Ироқ аз байни се нафари аввал, ки ба ин марҳала расидаанд, интихоб хоҳад шуд.
Ҷаъфар Мусавӣ, дар бораи ҷавоизи ин мусобиқот низ гуфт: остони муқаддаси имом Ҳусайн (а) ҷавоиз ва ҳадоёи молӣ барои баргузидагон дарназар гирифтааст ва аз онҳо тақдир хоҳад шуд. Зимни инки як ҷоизаи вижае ҳам барои нафари аввали ин мусобиқот дарназар гирифта шудааст ва он боло баромадан аз маъзанаи ҳарами имом Ҳусайн (а) аст.