Ба гузориши манобеи хабарӣ, Сафи Муҳаммад, хайёти ҳиндӣ аст, ки монанди бисёре аз мусулмонони дигар, қасд дорад ҳамсар ва ду писарашро қабл аз инки ҳазорон боздидкуннда моҳи оянда барои ифтитоҳи яке аз муқаддастарин маъобиди ҳиндуҳо ба задгоҳаш Аёдия бирасанд, ба дӯрдаст бифиристад.
Ин маъбад дар маҳалле сохта шудааст, ки ҳиндуҳо мӯътақиданд зодгоҳи илоҳаи Ром аст ва замоне масҷид аз даврони муғул дар онҷо қарор дошт, ки хотироти талхеро барои Сафи Муҳаммад ба ёд моварад.
Ин марди 38 сола мегӯяд ба ёд меоварад замонеро, ки як гурӯҳи ҳинду масҷиди Бобриро дар декабр 1992 вайрон карданд ва боиси хушунати мазҳабӣ дар саросари кишвар шуданд. Хушунатҳое, ки дар ҷараёни он наздик ба ду ҳазор нафарро, ки бештари онҳо мусулмон буданд, кушта шуданд ва яке аз бастагони ӯ дар миёни кушташудагон буд.
Ӯ дарҳоле, ки бар рӯи чархи хайётӣ дар хонаи худ, ки дар чанд метрии маъбад қарор дорад, кор мекунад, мегӯяд: хонаводаи ман қаблан бо ранҷҳои зиёде рӯбарӯ шудаанд. Ҳар чизе мумкин аст дар ҳар замоне иттифоқ биафтад.
Ҳудуди се миллион нафар дар Аёдия воқеъ дар аёлати Аттар Прадеш дар шимоли Ҳинд зиндагӣ мекунанд, ки 500 ҳазор нафар аз онҳо мусулмон ҳастанд.
Мақомот мегӯянд ҳадди ақал як даҳум аз ин мусулмонон дар минтақаи наздикии маъбади тоза сохта шудаи Ром зиндагӣ мекунанд. Бархе аз ин сокинон гуфтанд, ки ҳанӯз аз ҳиндуҳо, ба вижа боздидкунндагон метрсанд, зеро ҳар ҳодисае метавонад ба хушунати бузург табдил шавад.
Ҳадди ақал 10 марди мусулмон гуфтанд, ки қасд доранд қабл аз маросими ифтитоҳияи маъбад, ки қарор аст дар 22 январ баргузор шавад, хонаводаҳои худро назди ақвоми худ дар хориҷ аз шаҳр бифиристанд.
Парвиз Аҳмад Қосим, ки як мадрасаи исломӣ дар Аёдияро идора мекунад ва яке аз наздиконашро дар шӯришҳои се даҳаи қабл аз даст додааст, гуфт: мо наметавонем пешбинӣ кунем, ки дар давраи қабл ё баъд аз ифтитоҳия чӣ иттифоқе меафтад. Мардуми минтақа каме тарс доранд.
https://iqna.ir/fa/news/4189115