IQNA

Тазоҳуроти мусулмонони Тайланд дар ҳимоят аз Фаластин + филм

20:24 - December 22, 2023
рақами хабар: 849
ИКНА - Мардуми мусулмони минтақаи Патанӣ дар Тайланд дар тазоҳуроте зимни маҳкумияти ҷиноёти режими ҷинояткори саҳюнистӣ дар Навори Ғазза, ҳимояти худро аз Фаластин эълом карда ва хостори поёндодан ба ҷанг шуданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ дар Тайланд, мардуми мусулмони минтақаи Патании Тайланд тайи маросими роҳпаймоӣ, ки аз маркази шаҳр то маркази исломии ин шаҳр тартиб дода буданд, хоҳони таваққуфи ҷанг ва ҷиноёти режими ҷинояткори Исроил бар алайҳи мардуми мазлуми Фаластин шуданд.

Дар баёнияи поёнии ин роҳпаймоӣ эълом шуд: чизе, ки мо ҳамакнун шоҳиди рух додан дар Ғазза ҳастем ҷиноёт бар алайҳи башарият аст. Режими саҳюнистӣ об, барқ, ғизоро бар рӯи ин мардум қатъ кардааст ва мо мусулмонони Тайланд бо тамоми ин ҷиноёт мухолиф ҳастем ва ҳаркасе ҳам, ки аз ин иттифоқот нороҳат нашуда бояд ба эҳсосоти инсонии худ шак кунад.

код

تظاهرات مسلمانان تایلند در حمایت از فلسطین + فیلم

https://iqna.ir/fa/news/4189278

captcha