IQNA

Ёде аз устод дар солрузи вафот

Мустафо Исмоил; Қории афсонаӣ ва ҳанҷараи тилоии Миср + филм

22:48 - December 26, 2023
рақами хабар: 870
ИКНА - Чиҳилу панҷ соли пеш дар чунин рӯзе, шайх Мустафо Исмоил, ки ба қории афсонаӣ, подшоҳи мақомоти қуръонӣ, нағмахони осмон ва қории ҳанҷараи тилоии Миср мулаққаб буд пас аз боқигузоштани мероси бузург дар тиловати Қуръони Карим, чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.

Ба гузориши Ал-Мисрӣ Ал-Явм, чиҳилу панҷ соли пеш дар 26 декабри соли 1978, шайх Мустафо Исмоил қории афсонаӣ ва яке аз бузургтарин қориёни таърихи тиловат дар Миср ва ҷаҳони Ислом чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.

Ӯ дар тӯли зиндагии худ бо алқобе чун «нағмахони осмон», «қории мулук ва сарон», «нобғаи тиловат», «подшоҳи мақомоти қуръонӣ» ва «соҳиби ҳанҷараи тилоӣ» шӯҳрат дошт.

Малик Форуқ, подшоҳи вақти Миср ӯро ба унвони қории Кохи Подшоҳӣ баргузид. Шайх Мустафо Исмоил дар даврони ҷумҳурии Миср низ аз сӯи Ҷамол Абдунносир ва Анвар Содот низ мавриди таҷлил қарор гирифт.

Зиндагиномаи устод Мустафо Исмоил

Шайх Мустафо Исмоил, 17 июни 1905 мелодӣ дар рустои Майит Ғизоли шаҳристони Санта воқеъ дар  устони Ал-Ғарбия ба дунё омад. Ӯ пеш аз дувоздаҳ солагӣ дар мактабхонаи русто, кулли Қуръонро ҳифз кард ва сипас ба узвияти маркази Аҳмад дар Танта даромад ва дониши худ аз қироатҳои мухталиф ва аҳкоми тиловатро такмил кард ва дониши таҷвиди худро ба камол расонд.

Ӯ дар 12 солагӣ тамоми Қуръонро бо аҳкомаш ҳифз кард ва ба дархости дӯстонаш дар масҷиди Сайид Ал -Бадавӣ, Қуръон тиловат мекард ва дар онҷо қории бузурге тиловати ӯро шунид ва ба ӯ тавсия кард, ки тиловати Қуръонро идома диҳад ва ба ӯ ваъда дод, ки қории бузурге хоҳад шуд.

مصطفی اسماعیل؛ قاری افسانه‌ای و حنجره‌طلایی مصر + فیلم

Вақте, ки ҳанӯз кӯдак буд писари волии Танта аз ӯ хост то дар маросими азои волӣ, Қуръон тиловат кунад. Гуфта мешавад, шайх Муҳаммад Рафъат, қории бузурги мисрӣ низ дар он маросими азо ҳузур дошта ва вақте тиловати зебои қории кӯдакро шунид, хост то ӯро бубинад. Аз сӯе ӯ чун аз ҳузури шайх Рафъат дар ташйиъи ҷаноза иттилоъ ёфт, худро омода кард то қироати худро ба поён бирасонад, аммо шайх Рафъат аз ин амр мутталеъ шуд, лизо яке аз асотидро назди ӯ фиристод ва аз ӯ хост, ки тиловатро идома диҳад, зеро мехост идомаи тиловатро бишинавад. Шайх Рафъат ба он кӯдаки нобға тавсия кард то тиловати Қуръонро идома диҳад.

Интиқоли миёни мақомоти мухталифи Қуръон ба таносуб миёни оёт аз муҳиммтарин вижагиҳои тиловати устод Мустафо Исмоил аст, ба шакле, ки масалан дар талаффузи ҳарфи алиф онро гоҳ кӯтоҳ ва гоҳ баланд тиловат мекард ва дар мавриди ҳуруфи садодори дигар низ чунин мекард. Агарчи ин ибтикорот ибтидо бо интиқод мувоҷеҳ шуд ва ӯро муттаҳам ба инҳироф аз тиловати меъёр карданд, аммо баъдҳо ин шева пазируфта шуд.

مصطفی اسماعیل؛ قاری افسانه‌ای و حنجره‌طلایی مصر + فیلم

Мустафо Исмоил дар тиловати худ ибтидо мутаассир аз устод Муҳаммад Рафъат ва Абдулфаттоҳ Шуайшаъ қарор дошт, аммо дар идомаи роҳ худро ёфт. Пас аз сафар ба Қоҳира ва тиловат дар бархе аз маҷолиси қуръонӣ, мавриди таваҷҷуҳи Малик Форуқ, подшоҳи вақти Миср қарор гирифт ва ӯро ба унвони қории расмии Кохи Подшоҳӣ мансуб кард.

Дар идома тиловати таҳсинбрангези устод Мустафо Исмоил аз сураи муборакаи Зуҳоро мушоҳида кунед.

код

https://iqna.ir/fa/news/4190016

captcha