Ба гузориши манобеи хабарӣ, садҳо нафар аз мардуми шаҳри Танҷаи Марокаш дар ҳамбстагӣ бо мардуми Ғазза дар остонаи солинави мелодӣ дар хиёбонҳо таҷаммӯъ ва ҳимояти худ аз Фаластинро эълом карданд.
Ин гурӯҳ аз Марокашиҳо бо ҳузур дар майдони марказии Танҷа зимни эъломи ҳамбстагӣ бо мардуми Ғазза парчамҳои Фаластинро ба эҳтизоз дароварданд ва дар ҳоле, ки навиштаҳое дар даст доштанд, ки бар рӯи онҳо шиорҳое алайҳи таҷовузи режими ҷинояткори саҳюнистӣ ба Ғазза навишта шуда буд, хостори поёни ҷанг дар ин борика шуданд.