Ба гузориши Ал-Ҷазира, фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ видеое аз тиловати Қуръони Карим аз сӯи Ҷанон Абраш, духтари Мунир Абраш, раиси идораи беҳдошти Ғаззаро мунташир кардаанд. Ин видео пеш аз оғози ҷанг дар Ғазза забт шуда ва дар он Ҷанон дар ҳоли тиловати Қуръон канори падараш аст ва пас аз поён ба хотири ин муваффақият ашки шавқ мерезад, дарҳоле ки падараш ӯро таҳсин карда ва дар оғӯш мегирад.
Ҷанон дар ҳамлаи ҳавоӣ режими ҷинояткори саҳюнистӣ ба урдугоҳи Ҷиболиё ба шаҳодат расид. Мунир Абраш дар видеое, ки аз ӯ мунташир шуда, захмӣ ва бар рӯи тахти бемористон аст ва воқеаи шаҳодати духтари худ дар шаби ҳамлаи ҳавоӣ режими саҳюнистиро шарҳ медиҳад.
Режими саҳюнистӣ аз 7 октябри гузашта ҷанги вайронгарро алайҳи мардуми Ғазза оғоз кардааст, беш аз 21 ҳазор тан дар ин ҳамалот ба шаҳодат расидаанд, ки бештари онҳоро занон ва кӯдакон ташкил медиҳад. Аз сӯе ин ҳамалот мунҷар ба тахриби густурдаи зерсохтҳо дар Ғазза ва як фоҷиаи инсонӣ шудааст, ки ба гуфтаи мақомоти Навори Ғазза ва Созмони Милал бесобиқа будааст.