IQNA

Ал-Азҳар ҳодисаи террористӣ дар Кирмонро маҳкум кард

8:40 - January 04, 2024
рақами хабар: 899
ИКНА - Ал-Азҳари Миср, ду инфиҷори террористии шаҳри Кирмонро ба шиддат маҳкум ва бо ҳар гуна хушунат ва терроризме, ки бегуноҳонро ҳадаф қарор медиҳад, мухолифат кард.

Ба гузориши хабаргузории манобеи хабарӣ, рӯзномаи «Ал-Аҳром»-и Миср бомдоди имрӯз (панҷ шанбе) дар пойгоҳи интернитии худ навишт, ки Ал-Азҳар дар вокуниш ба ҳодисаи террористии асри чаҳоршанбе дар Гулзори шуҳадои шаҳри Кирмон баёниае содир карда, ки дар он омадааст: Ал-Азҳар ду инфиҷори террористие, ки дар наздикии Гулзори шаҳри Кирмон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯй дода ва бар асоси расонаҳо ва ниҳодҳои расмии Эрон беш аз 100 кушта ва наздик ба 200 захмӣ бар ҷой гузоштаро ба шиддат маҳкум мекунад.

Ал-Азҳари Миср дар идомаи ин баёния зимни таъкид бар мухолифати қотеонаи худ бо ҳамаи анвоъи хушунат ва терроризм, ки бегуноҳонро ҳадаф қарор медиҳад, ҳурмати зиндаҳо ва мурдагонро нақз мекунад ва афроди бехатарро ба ваҳшат меандозад, дархости худ мабнӣ бар лузуми талош дар ростои ёфтани як роҳбурди ҷаҳонӣ барои нобудии терроризм, раҳоии ҷаҳон аз шарри он ва таҳаққуқи амният ва сулҳ барои афрод ва ҷавомеаро бори дигар такрор кард.

Бузургтарин муассисаи мазҳабии Миср дар поёни баёнияи худ низ овардааст: Ал-Азҳар зимни маҳкумияти ин ҳодисаи террористии буздилона, тасалияти самимонаи худро ба хонаводаи қурбониён ва миллати Эрон эълом мекунад ва аз Худованди Мутаол барои қурбониён раҳмат ва мағфират ва барои маҷрӯҳон низ шифои оҷилро масъалат медорад. إِنَّا لِلَّٰهِ وَإِنَّا إِلَيْهِ رَاجِعُونَ “Мо аз они Худоем ва ба сӯи Ӯ боз мегардем”.

https://tajikpress.com/2024/01/04/

captcha