
Ба гузориши “ИКНА” ба нақл аз “Сидди-ал-Балад”, маросими болобурдани пардаи Каъба бо ҳузури тавлияти кулли Масҷидулҳаром ва Масҷидун-Набӣ, дирӯз шанбе, анҷом гирифт. Дар ин марҳила, пардаи Каъба ба андоза се метр боло бурда мешавад ва он ноҳия бо порчаи пахтагии сафед, бо арзи ҳудуди 2 метр пӯшонда мешавад.
Хабаргузории Арабистони Саудӣ ба нақл аз Султон Ал-Қурашӣ, муовини умури муҷтамаи Малик Абдулазиз вижаи бофти пардаи Каъба тасреҳ кард: боло бурдани бахши поинӣ бо ҳадафи ҳифзи покизагӣ парда ва ҷилавгирӣ аз тахриби он сурат мегирад, ин маросим ҳарсола дар ибтидои мавсими ҳаҷ баргузор мешавад.
Султон Ал-Қурашӣ, дар идома афзуд: пардаи Каъба дар мароҳили мухталифе боло бурда мешавад, ки ин мароҳил шомили бозкрдани интиҳои парда ва озодкрдан гӯшаҳо, хориҷкрдан танобҳо аз ҳалқаҳо, бозкрдани чароғҳо ва сипас печидани порчаи пахтагӣ ва тасбити он аст.
Пардаи Каъба аз ҷинси ҳарири сиёҳ буда ва бар рӯи он оёте аз Қуръони Карим сӯзандӯзӣ шудааст. Ин парда барои солҳо дар Миср бофта ва бо ташрифоти хоссе ба Макка ҳамл мешуд, бо ин ҳол дар даврони саудӣ, ба далели ихтилофоте, ки бар сари оини ҳамли парда эҷод шуд, муҷтамаи хоссе барои бофт ва омодасозии он дар Арабистон таъсис шуд ва то имрӯз ин парда дар муҷтамаи Малик Абдулазиз вижаа бофти пардаи Каъба омода мешавад.



