IQNA

Паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ дар пайи инфиҷори террористӣ дар Кирмон

8:48 - January 04, 2024
рақами хабар: 900
ИКНА - Оятуллоҳ Хоманаӣ дар пайи шаҳодати ҷамъе аз зоирони мазори шаҳид Сулаймонӣ дар ҳодисаи террористӣ дар масири Гулзори Шуҳадои Кирмон паёме содир кард.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар пайи шаҳодати ҷамъе аз зоирони мазори шаҳид Сулаймонӣ дар ҳодисаи террористӣ дар масири Гулзори Шуҳадои Кирмон паёме содир кард.

Матни паёми раҳбари инқилоби исломии Эрон ба шарҳ зер аст:

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Душманони шарур ва ҷинояткори миллати Эрон, бори дигар фоҷеа офариданд ва ҷамъи зиёде аз мардуми азизро дар Кирмон ва дар фазои муаттари мазори шаҳидон, ба шаҳодат расонданд.

Миллати Эрон азодор шуд ва хонаводаҳои зиёде дар сӯги ҷигаргӯшагон ва азизони худ ғарқи мотам шуданд. Ҷинояткорони сангдил натавонистанд ишқ ва шавқи мардум ба зиёрати марқади сардори бузургашон шаҳид Қосими Сулаймониро таҳаммул кунанд. Бидонанд, ки сарбозони роҳи равшани Сулаймонӣ ҳам пастӣ ва ҷинояти ононро таҳаммул нахоҳанд кард. Чӣ дастҳои олӯда ба хуни бегуноҳон ва чӣ мағзҳои муфсид ва шароратзо, ки ононро ба ин гумроҳӣ кашондаанд, аз ҳам акнун омоҷи қатъии саркӯб ва муҷозоти одилона хоҳанд буд. Бидонанд, ки ин фоҷеаофаринӣ посухи сахте дар пай хоҳад дошт ба хости Худо.

Инҷониб дар азои хонаводаҳои мусибатдида бо онон ҳамдил ва ҳамроҳам ва сабр ва тасаллои ононро аз Худованди Мутаол масъалат мекунам. Рӯҳи поки шаҳидон иншоАллоҳ меҳмони бонуи ду олам ва модари шаҳидон Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) аст. Бо маҷрӯҳони ҳодиса ҳамдардӣ мекунм ва шифои ононро аз даргоҳи илоҳӣ хосторам.

Сайидалии Хоманаӣ

1402/10/13

3/1/2024

https://iqna.ir/00HaUF

captcha