Ҳуҷҷатулисломи валмуслимин Сайид Мустафо Ҳусайнии Найшопурӣ, мудирикулли таблиғи Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ дар гуфтугӯ бо хабарнигори ИКНА дар посух ба саволе дар мавриди баҳс ва табодули назар дар заминаи ташкили конфедератсияи мусобиқоти байналмилалии Қуръон дар ҳамоиши Рисолотуллоҳ, ки аз имрӯз бо ҳузури намояндагони 10 кишвар оғоз шудааст, гуфт: қаблан бо баргузоркунандагони мусобиқоти Қуръон дар ҳавзаи ҳифз ва қироати Қуръон музокирот анҷом шудааст. Раиси маркази умури Қуръони Созмони авқоф ва умури хайрия низ пайгири ин мавзӯъ будаанд ва натоиҷи он музокирот, эълом хоҳад шуд.
Ҳусайнии Найшопурӣ, ба теъдоди ширкаткунандагони мусобиқоти байналмилалии Қуръони Эрон ишора ва баён кард: теъдоди ширкаткунандагони мусобиқоти имсол ду баробар шудааст. Дар ҳамоиши Рисолотуллоҳ низ дар назар дорем, агар чунончи битавонем гуфтугӯҳое бо меҳмонони байналмилалӣ ва нақшофарин дар дунёи Ислом шакл диҳем ва ин мавзӯъро бо онҳо ба иштирок бигузорем то аз масири тафоҳуме, ки байни мо рух медиҳад, қадамҳои бардошта шавад.
Мудирикулли таблиғи Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ изҳор кард: солҳои гузашта теъдоди кишварҳои ҳозир дар мусобиқоти байналмилалии Қуръон дар ҳудуди 70 кишвар буд, аммо имсол ба беш аз 130 кишвар расида, албатта омори дақиқтарро раиси маркази умури Қуръони Созмони авқоф ва умури хайрия ироа хоҳад дод, аммо ҳамин ду баробар шудан худ муваффақияти бузурге аст. Зимни инки кайфияти ширкаткунандагон ҳам иртиқо пайдо кардааст.