Ба гузориши ИКНА, Маҳмуд Шаҳот Анвар дар ин тиловат, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бозншар шуда, фарозе аз сураи муборакаи Қурайшро тиловат кард.
Маҳмуд Шаҳот Анвар, фарзанди Шаҳот Муҳаммад Анвар, аз қориёни номдори даврони тилоӣ тиловат дар Миср аст ва дар ҳоли ҳозир яке аз чеҳраҳои тиловат дар Миср ва ҷаҳони Ислом ба шумор меояд.
Ӯ дар 10 сентябри 1984 дар устони Дақҳалияи Миср мутаваллид шуд ва аз ҳамон кӯдакӣ бо ҳимоятҳои падар бо Қуръон унс гирифт ва дар 12 солагӣ бо баҳрамандӣ аз маҳзари падар ҳофизи Қуръон шуд.
Тиловатҳои Маҳмуд Шаҳот дар Миср ва кишварҳои арабӣ ва ғайри арабӣ тарафдорони зиёде дорад ва видеоҳояш дар Ютуб бо истиқболи зиёде мувоҷеҳ шуда ва ба ҳудуди 75 миллион боздид расидааст.
Ба далели тиловатҳои таъсиргузори ин қории ҷавони мисрӣ, афроде аз кишварҳо ва адёни мухталиф мусулмон шудаанд. Филме, ки дар идома меояд баёнгари таъсирпазирии ҳозирон дар маҷолис аз қироатҳояш аст.