IQNA

Паёми тасалияти Оятуллоҳи Систонӣ ва Аммор Ал-Ҳаким дар пайи даргузашти шайх Муҳсин Алии Наҷафӣ

10:45 - January 11, 2024
рақами хабар: 937
ИКНА - Оятуллоҳи Систонӣ, марҷаъи олитақлиди шиаён дар Ироқ ва Сайид Аммор Ал-Ҳаким, раҳбари ҷараёни Ҳикмати миллии ин кишвар дар паёмҳои ҷудогонае иртиҳоли Оятуллоҳ шайх Муҳсин Алии Наҷафӣ, рӯҳонии саршиноси аҳли Покистонро тасалият гуфтанд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, матни паёми марҷаъи олиқадри ташаюъ ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

إِنَّا لِلَّهِ وَ إِنَّا إِلَیْهِ رَاجِعُونَ

Хабари иртиҳоли олами омил, ҳуҷҷатулислом валмуслимин Оятуллоҳ шайх Муҳсин Алии Наҷафӣ, (ризвонуллоҳи алайҳ) мӯҷиби таассуф ва таассур гардид. 

Он бузургавор солиёни мутамоддӣ аз умри шарифашонро дар тарвиҷи дини мубин ва хидмат ба муъминин сарф, ва бо таъсис ва идораи чанд маркази илмӣ ва омӯзишӣ кӯмаки шоёне ба ҷомеаи имонӣ дар Покистон намуданд. Худованд подоши некӯкоронро насибаш гардонад.

Инҷониб мусибати фуқдони он рӯҳонии воломақомро ба умуми бародарон ва хоҳарони имонӣ дар Покистон, ба хусус бастагон ва алоқамандони ишон тасалият арз намуда ва аз Худованд Мутаол барои он фақиди сайид улувви дарҷот ва барои бозмондагонашон сабри ҷамил ва аҷри ҷазил масъалат дорам.

و لَا حَوْلَ وَ لَا قُوَّةَ إِلَّا بِاللَّهِ الْعَلِيِّ الْعَظِيم

Алӣ Ал-Ҳусайнӣ Ас-Систонӣ

 

Ҳамчунин Аммор Ал-Ҳаким, раҳбари ҷараёни Ҳикмати миллии Ироқ низ дар баёнияе, ки нусхае аз он ба дасти Ал-Фурот Нюз расидааст, навишт: бо камоли таассуф хабари даргузашти намояндаи марҷаъияти олии динӣ, дар Покистонро дарёфт кардем. Оятуллоҳ шайх Муҳсин Алии Наҷафии Покистонӣ (раҳимаҳуллоҳ) дар сатҳи иршоди динӣ дорои мавозеи шинохташудае буд ва хадамоти арзандае дар заминаи иҷтимоӣ аз худ барҷой гузошт.

Вай афзуд: зимни инки аз Худованди Мутаол раҳмати восеъаи худро барои рӯҳи мутаҳҳараш масъалат мекунем, ин мусибати воридаро ба хонавода, бозмондагон ва туллоби он марҳум тасалият арз мекунем.

Оятуллоҳ шайх Муҳсин Алии Наҷафӣ, мутарҷим ва муфассир Қуръон, ки беш аз ним қарн мудирияти Донишгоҳи Ал-Кавсар ба унвони бузургтарин маркази динӣ ва ҳавзавии шиаён дар Покистонро уҳдадор буд пас аз умре таблиғи маорифи Ислом ва нашри фарҳанги Аҳли Байт (а) рӯзи гузашта, 9 январ дар синни 84 солагӣ дори фониро видоъ гуфт.

Алломаи Муҳсин Алии Наҷафӣ, пас аз умре талош ва кӯшиш дар ростои эътилои улум ва маорифи исломӣ ва хадамоти арзанда дар таҳкими ваҳдати исломӣ ба дидори ҳақ шитофт. Шайх Муҳсин Алии Наҷафӣ, ҳамчунин намояндаи Оятуллоҳи Систонӣ дар Покистон ва риёсати Шӯрои олии маҷмаъи Аҳли Байт (а)-и Покистонро бар уҳда дошт.

https://iqna.ir/fa/news/4193174

captcha