Ба гузориши манобеи хабарӣ, миллионҳо нафар дар 6 қорраи ҷаҳон дар ҳоли омодашудан барои ширкат дар роҳпаймоиҳои густурда дар саросари ҷаҳон барои дархости оташбас ва поён додан ба ҷанги Ғазза ва таҷовузоти режими ишғолгари Исроил ҳастанд.
«Эътилофи ҷангро мутаваққиф кунед» ва «маҷмаи Фаластин дар Биритониё» ду баёния дар бораи ин рӯйдоди ҷаҳонӣ содир карданд, ки дар он роҳпаймоиҳои рӯзи шанберо аввалин ва бузургтарин ҳаракати ҳамоҳанги байналмилалӣ алайҳи таҷовузоте, ки алайҳи мардуми Фаластин дар Навори Ғазза оғоз шудааст донистанд.
Баргузоркунандагони ин рӯйдоди ҷаҳонӣ эълом карданд, ки тазоҳуроти густурдаи ҳамбстагӣ бо мардуми Фаластин дар 45 кишвар ва беш аз 120 шаҳр як рӯз пас аз поёни ҷаласаи додгоҳи байналмилалии кайфарӣ, дар расидагӣ ба шикояти Африқои Ҷанубӣ алайҳи режими палиди Исроил баргузор мешавад.