Ба гузориши “ИКНА” ба нақл аз “PRN-ниюз” шаш фурудгоҳи байналмилалии Арабистон, ки чаҳор фурудгоҳи он дар миёни 100 фурудгоҳи бартари ҷаҳон қарор доранд, дар ҳолати омодабош ҳастанд.
Ин фурудгоҳҳо бо 7700 парвоз аз кишварҳои ҳафт қорраи ҷаҳон пазироӣ 1,7 миллион зоир дар фасли ҳаҷ хоҳанд буд. Дар мавсими ҳаҷ, бисёре аз ҳавопаймоҳои мутааллиқ ба хутути ҳавоӣ ҷаҳон, масири худро ба самти ин кишвари Ховари Миёна тағйир хоҳанд дод.
Ширкати ҳавопаймоӣ Арабистон (GACA) фурудгоҳҳои байналамллии худ, ба вижа фурудгоҳҳои пазироӣ зоирони хонаи Худоро бо ҳамкории вазорати ҳаҷ, таҷҳиз кардааст. Бар асоси гузориши “Skytrex” Британия, ки ба баррасии 550 ширкати ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳи бартар дар саросари ҷаҳон мепардозад, чаҳор фурудгоҳ аз ин фурудгоҳҳо дар соли 2023 дар байни 100 фурудгоҳи бартари ҷаҳон қарор гирифтанд.
Зоирони хориҷие, ки дар соли 2019 аз тариқи ҳаво ба Арабистон сафар карданд, 93 дарсад аз кулли теъдоди зоирони хориҷиро ташкил медоданд, ки ба 1,7 миллион зоири хориҷӣ расид. Ин парвозҳо дар фурудгоҳҳои Ҷида, фурудгоҳи шоҳзода Муҳаммад ибни Абдулазиз, фурудгоҳи байналмилалии Мадина, фурудгоҳи байналмилалии Тоиф, фурудгоҳи байналмилалии шоҳзода Абдулмуҳсин дар Янбаъ, фурудгоҳи байналмилалии малик холид дар Риёз ва фурудгоҳи байналмилалии Малик Фаҳд дар Дамам анҷом хоҳад шуд.
Вазорати ҳаҷҷи Арабистон бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаи худ дар бархурд бо зоирон, иқдомотеро барои сарфаҷӯӣ дар вақти зоирон анҷом додааст.
Тавфиқ ал-Рабиъа, вазири ҳаҷ ва умраи Арабистон, дар маросими расмие, ки тавассути ин вазоратхона дар Ҷида дар ҳафтаи гузашта баргузор шуд гуфт, ки Арабистони Саудӣ қасд дорад теъдоди зоиронро дар солҳои оянда афзоиш диҳад. Вай афзуд, ки ин амр дар ростои чашмандози 2030 Арабистон аст.