IQNA

Вокунишҳо ба ҳамалоти мушакии бомдоди Сипоҳ дар Сурия ва Ироқ

21:41 - January 16, 2024
рақами хабар: 961
Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ, барои аввалинбор ба сурати ҳамзамон ду амалиёти мушакиро алайҳи мавозеи ДИИШ ва саҳюнистҳо дар ду нуқтаи Ироқ ва Сурия тартиб дод, ки бо вокунишҳои мутааддиди мақомоти амрикоӣ ҳамроҳ будааст.

Дар пайи ҳамалоти кӯбандаи бомдодии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон ба пойгоҳҳои ҷосусии Моссад ва таҷаммӯоти гурӯҳкҳои террористӣ дар Ироқ ва Сурия, хабаргузории Рейтерз ба нақл аз мақомоти расмии Амрико иддао кард, ки дар ҷараёни ин ҳамалот, ҳеҷ осеби ба коркунон ва ё марокизи амрикоӣ гузориш нашудааст.

Адриен Ватсон, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико бомдоди сешанбе дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо шабакаи Ал-Маёдин гуфт: дар ҷараёни гузоришҳои ҳамлаи мушакӣ ба шимоли Ироқ ва Сурия қарор дорем. Ҳеҷ як аз коркунон ё марокизи амрикоӣ дар ин ҳамалот ҳадаф қарор нагирифтаанд.

Сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико дар нахустин вокуниш ба ҳамалоти шабонаи неруи мушакии Эрон ба ҷойгоҳи гуруҳакҳои террористӣ дар Ироқу Сурия муддаӣ шуд, ки ҳеҷ осибе ба коркунону марокизи Амрико гузориш нашудааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар пайи ҳамалоти кӯбандаи бомдодии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон ба пойгоҳҳои ҷосусии Моссад ва ҷамъомадҳои гуруҳакҳои террористӣ дар Ироқу Сурия, хабаргузории Ройтерс ба нақл аз мақомоти расмии Амрико иддао кард, ки дар ҷараёни ин ҳамалот, ҳеҷ осибе ба коркунон ва ё марокизи амрикоӣ гузориш нашудааст.

Аз сӯи дигар, пойгоҳи хабарии Ал-маёдин дар гуфтугӯ бо сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико муддаӣ шуд: Дар ҷараёни гузоришҳо дар робита ба исобати мушакҳо ба шимоли Ироқ ва Сурия қарор гирифтаем.

Вай афзуд: Ҳеҷ як аз коркунон ё марокизи амрикоӣ дар ин ҳамалот ҳадаф қарор нагирифт, мо бо масъулони баландпояи Ироқ ва масъулони иқлими Курдистон дар тамос будем.

Дар идомаи вокунишҳо, хабаргузории Ройтерси бомдоди сешанбе ба нақл аз “2 мақоми амрикоӣ” муддаӣ шуд, ки ҳамалоти мушакӣ дар Ироқ ҳеҷ як аз таъсисоти Иёлоти Муттаҳидаро таҳти таъсир қарор надода ва Амрико ҳеҷ талафоте надоштааст.

Ройтерс ба номи ин мақомҳо ишора накарду афзуд, ки онон аз изҳори назри бештар дар ин бора иҷтиноб карданд.

Дар хабари муртабит, шабакаи BCNEWS низ ба нақл аз як манбаи амниятии ироқӣ, ки номашро фош накард, гузориш дод, ки дар ин ҳамалот чаҳор нафар кушта шуданд.

Ин манбаъ муддаӣ шуд, ки ҳеҷ неруи амрикоӣ ё аъзои неруҳои эътилоф кушта нашуданд.

Аз сӯи дигар, манобеи расонаии Курдистони Ироқ эълом карданд, ки манзили як курди ироқӣ ҳадафи ҳамалоти мушакӣ қарор гирифтааст.

Расонаҳои шимоли Ироқ муддаӣ шуданд, ки дасти кам чаҳор мӯшак ба манзили ин тоҷири курд бархӯрд кард ва теъдоде мошини ёрии таъҷилӣ ба минтақа Муло Умар дар атрофи Арбил эъзом шуд.

Қобили зикр аст, к Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон соате пеш дар баёнияе аз ҳадаф қарордодан ва инҳидоми пойгоҳи ҷосусии режими саҳюнистӣ (Моссад) дар иқлими Курдистони Ироқ ва пойгоҳи террористҳо дар Сурия бо мушакҳои баллистик хабар дод.

Расонаи ироқӣ: паёми возеҳи Эрон ба Исроил

Хабаргузории Ал-Мутталии Ироқ дар ин бора навишт: манобеи маҳаллӣ дар шаҳри Адлиби Сурия аз ҳамлаи нимаишаби душанбеи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон бо мушакҳои баллистик ба мавозеи гуруҳи террористии мавсум ба «Таҳририушшом» (ҷабҳаи Ан-Нусраи собиқ) ва гурӯҳи террористии мавсум ба «Ҳизби Туркистон» дар минтақаи Ҷабалус-Сумоқ дар устони Адлиби Сурия хабар доданд. Ин амалиёт, дурбурдтарин ҳамлаи мушакии Эрон токунун ва паёми возеҳи Теҳрон ба режими саҳюнистӣ аст.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, омӯзиши террористҳои мавсум ба «ДИИШи Хуросон» дар ин минтақа сурат мегирад ва онҳо сипас тавассути Амрико ба Афғонистон мунтақил мешаванд то барои анҷоми иқдомоти террористӣ вориди Эрон шаванд.

Илова бар ин, дар посух ба террори бархе фармондаҳони Сипоҳ ва ҷабҳаи муқовимат тавассути режими саҳюнистӣ, яке аз мақарҳои аслии ҷосусии режими саҳюнистӣ (Моссад) дар иқлими Курдистони Ироқ (Арбил) мавриди ҳадаф қарор гирифта ва мунҳадим шуд.

Ҳамчунин Шӯрои амнияти иқлими Курдистони Ироқ бомдоди сешанбе дар пайи ҳамлаи мушакии Сипоҳи Посдорон ба мақарри террористӣ дар минтақае аз кишварҳои минтақа хост, ки ба ҳокимияти арзии якдигар эҳтиром бигузоранд.

Собирин Ниюз низ дар муаррифии он навишт, ки вай наздик ба хонаводаи Боризонӣ ва шарики тиҷории режими саҳюнистӣ буда, ки дар ҳамлаи мушакӣ ба мақарри Моссад дар шимоли Ироқ кушта шудааст.

Масрури Боризонӣ, нахуствазири Курдистони Ироқ дар вокуниш ба ҳамлаи мушакии Сипоҳ ба мақарри Моссад дар Арбил, бо судури баёнияе ин ҳамларо маҳкум кард ва аз Бағдод хост мавзеъи сахтгиронае дар қиболи ин ҳамла иттихоз кунад.

https://iqna.ir/fa/news/4194140

 

captcha