IQNA

Сураи Бақара; Ҷомеи усули эътиқодӣ ва масоили амалии Ислом

20:01 - January 17, 2024
рақами хабар: 963
ИКНА - Сураи Бақара бо 286 оят ҷомеътарин сура аз назари усули эътиқодии Ислом ва бисёре аз масоили амалии ибодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ аст.

Сураи Бақара дар «Мадина» нозил шуда ва бузургтарин сураи Қуръон аст, ки 286 оят дорад.‏ Далели интихоби ин ном баёни достони «Гови бани Исроил» дар ин сура аст.

Ҷомеъияти ин сура аз назари усули эътиқодии Ислом ва бисёре аз масоили амалии (ибодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии) қобили инкор нест. Дар ин сура мавзӯъоти мутааддиде матраҳ шуда, ки феҳристи аз онҳо чунин аст:

1- Баҳсҳои пиромуни тавҳид ва шиносоӣ Худо махсусан аз тариқи мутолиаи асрори офариниш омадааст.

2- Баҳсҳои дар заминаи маод ва зиндагии пас аз марг, махсусан масоили ҳиссии он монанди достони Иброҳим ва зинда шудани мурғҳо ва достони Узайр.

3- Баҳсҳои дар заминаи эъҷози Қуръон ва аҳамияти ин китоби осмонӣ.

4- Баҳсҳои бисёр муфассал дар бораи яҳуд ва мунофиқон ва мавзеъ‏гириҳои хосси онҳо дар баробари Ислом ва Қуръон, ва анвоъи коршиканиҳои онон дар ин робита.

5- Баҳсҳои дар заминат таърихт Паёмбарони бузург махсусан Иброҳим ва Мӯсо алайҳимуссалом.

6- Баҳсҳои дар заминаи аҳкоми мухталифи исломӣ аз ҷумла намоз, рӯза, ҷиҳод, ҳаҷ ва тағйири қибла, издивоҷ ва талоқ, аҳкоми тиҷорат, ва қисмати муҳимме аз аҳкоми рибо ва махсусан баҳсҳое дар заминаи инфоқи дар роҳи Худо, ва ҳамчунин масъалаи қисос ва таҳрими қисмате аз гӯштҳои ҳаром ва қимор ва шароб ва бахше аз аҳкоми васият ва монанди он.

Дар фазилати ин сура аз Паёмбари Акрам (с) пурсиданд: “Кадом як аз сурҳ‏ҳои Қуръон бартар аст? Фармуд: Сураи Бақара, гуфтанд кадом оят аз оёти сураи Бақара афзал аст? Фармуд: «Оятулкурсӣ».

 

captcha