IQNA

Раҳбари инқилоби Эрон хитоб ба масъулони кишварҳои исломӣ таъкид карданд:

Лузуми қатъи роҳҳои ҳаётии режеми ҷинояткори саҳюнистӣ 

20:57 - January 23, 2024
рақами хабар: 989
Раҳбари инқилоби исломии Эрон дар дидори мудирони кунгираи 24 ҳазор шаҳиди Теҳрони бузург бо интиқод аз амалкарди масъулони кишварҳои исломӣ дар қиболи мавзӯъи бисёр муҳимми Ғазза, гуфтанд: он мавзӯе, ки дар ихтиёри масъулони кишварҳои исломӣ аст, қатъи роҳҳои ҳаётии режими саҳюнистӣ аст, кишварҳои исломӣ бояд иртиботи сиёсӣ ва иқтисодии худро бо режими саҳюнистӣ қатъкунанд ва ба ин режим кумак накунанд.

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, субҳи имрӯз, сешанбе, дар дидори масъулони кунгираи 24 ҳазор шаҳиди Теҳрони бузург бо интиқод аз амалкарди масъулони кишварҳои исломӣ дар қиболи мавзӯъи бисёр муҳимми Ғазза, гуфтанд: бархе вақтҳо мавзеъгириҳо ва изҳороти масъулони кишварҳои исломӣ иштибоҳ аст зеро дар бораи мавзӯъи ҳамчун оташбас дар Ғазза сӯҳбат мекунанд, ки аз ихтиёри онҳо хориҷ аст ва дар дасти душмани хабиси саҳюнистӣ аст, масъулони кишварҳои исломӣ бояд нисбат ба мавзӯъоте, ки дар ихтиёри онҳо аст, иқдом кунанд.

Раҳбари инқилоби исломии Эрон таъкид карданд: он мавзӯъе, ки дар ихтиёри масъулони кишварҳои исломӣ аст, қатъи роҳҳои ҳаётӣ ба режими саҳюнистӣ аст, кишварҳои исломӣ бояд иртиботи сиёсӣ ва иқтисодии худро бо режими саҳюнистӣ қатъ кунанд ва ба ин режим кӯмак накунанд.

Ишон баён карданд: ба рағми амалкарди номуносиби масъулони кишварҳои исломӣ ва ба рағми ҳамаи сахтиҳо, ҳамонгуна, ки дар Қуръон омада, Худованд бо мардуми муъмин аст ва ҳарҷо, ки худо бошад, пирӯзӣ хоҳад буд.

Ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ афзуданд: пирӯзии мардуми Ғазза қатъӣ аст ва Худованди Мутаол ин пирӯзиро дар ояндаи начандон дӯр ба уммати исломӣ нишон хоҳад дод ва дилҳои мусулмонон ва дар раъси онҳо мардуми Фаластин ва Ғазза хурсанд ва хушҳол хоҳад шуд.

https://iqna.ir/fa/news/4195479

captcha