Ба гузориши маркази иттилоърасонии Шветсия, Юлиан Фрост, духтари 25 солаи норвегиягӣ аст, ки ба Ислом имоновард ва дар ҳоли ҳозир дар Шветсия дар шаҳри Гетеборг зиндагӣ мекунад, дар устони Финмарк ба дунё омад. Ин бонуи тозамусулмон дар як хонаводаи масеҳии муҳофизакор бузург шуд, ки дар он арзишҳои масеҳӣ бисёр муҳим буд.
Ба унвони мисол, машруботи алкулӣ ё равобити хориҷ аз издивоҷ мамнуъ буд. Аммо ба қавли Юлиан Фрост, ба далели тағйири наслҳо ва тафовути замон, ӯ нисбат ба хонаводааш бозтар фикр мекард.
Дар ҷустуҷӯи ошноӣ бо Ислом
Юлиан Фрост, дар даврони навҷавонӣ ба вуҷуди Худое, ки ҷаҳонро офаридааст, эътиқод дошт, аммо чандон ба тааллуқоти мазҳабӣ фикр намекард ва алоқае ба адёни мухталиф надошт. Аммо бо ташдиди ахбор ва достонҳо дар бора Ислом ва мусулмонон, ки ҳамзамон бо ҳаводиси Сурия, Ироқ ва Ховари Миёна, матраҳ шуда буд, Юлиан Фрост дар мавриди Ислом кунҷков шуд; Барои ӯ ин савол пешомад, ки Ислом чист ва чаро бештари масоили муҳимми ҷаҳон ҳавли меҳвари Ислом ва мусулмонон мечархад, аз Фаластин ва Исроил гирифта то Афғонистон ва Эрон, Ироқ ва Сурия ва ҳаводиси 11 сентябр ва ҷанги бо терроризм ва масоил дигар.
Юлиан Фрост, шурӯъ ба тафаккур ва таҳқиқ кард то Исломро бишносад ва дарккунад; Инки оё воқеан Ислом як дин аст ё хайр! Оё дини хушунатомез аст? Оё занонро барда ва заиф мекунад?
Юлиан Фрост мегӯяд, ки шурӯъ ба хондан дарбораи Ислом кард. Ӯ чанд ҳамкори мусулмон дошт, ки дар Норвегия зиндагӣ мекарданд. Ӯ мегӯяд барои дарки Ислом аз тариқи амалӣ ва на шунидан ба онҳо наздиктар шудам, онҳо бисёр меҳрубон буданд ва аз меҳмоннавозии фавқулода ва оромиши комил бархурдор буданд, онҳо мафоҳими хоссе дар ҳимоят ва ҳифозат аз занон доштанд. Рӯзе чанд бор барои намоз вузӯ мегирифтанд, ғизои ҳалол мехӯрданд, машруботи алкулӣ наменӯшиданд ва робитаи ҷинсии хориҷ аз издивоҷ надоштанд.