iqna

IQNA

ИКНА - Сабтиноми ёздаҳумин давраи мусобиқоти Қуръони вижаи туллоб ва рӯҳониёни аҳли суннат ва хонаводаҳои онҳо аз рӯзи гузашта оғоз шуда ва то панҷуми 25 ноябр идома хоҳад дошт. 
рақами хабар: 2399    Санаи нашр : 2024/11/10

ИКНА - Созмони ҳамкории исломӣ ҳамлаи таҷовузкоронаи режими Исроил алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ро дар таърихи 26 октябри 2024, ки мунҷар ба шаҳодати чаҳор неруи низомии эронӣ ва як ғайри низомӣ шуд, маҳкум кард.
рақами хабар: 2386    Санаи нашр : 2024/11/08

ИКНА - Мудири умури Қуръони Идораи куллии авқоф ва хайрияи Хуросони Разавӣ аз баргузории нахустин нишасти ситоди 42-умин озмуни байналмилалии Қуръони Карим, ки бо мизбонии Машҳад хоҳад буд, хабар дод.
рақами хабар: 2376    Санаи нашр : 2024/11/06

Дар ҳошияи дидори донишомӯзон ва донишҷӯён анҷом гирифт;
ИКНА - Ҳазрати оятуллоҳ имом Хоманаӣ аз намоишгоҳи осори ҳунармандони навҷавон дар ҳошияи дидори дирӯзи донишомӯзон ва донишҷӯён боздид карданд.
рақами хабар: 2364    Санаи нашр : 2024/11/04

ИКНА - Расонаҳои арабӣ эълом карданд, ки неруҳои мусаллаҳи Эрон ба дастури Шӯрои олии амнияти миллии ин кишвар дар ҳоли барномарезӣ барои ҳамлае ба режим Исроил ҳастанд, ки “аз назари миқдор ва сифат густардатарин ҳамла то ба имрӯз хоҳад буд”.
рақами хабар: 2363    Санаи нашр : 2024/11/04

ИКНА - Маросими роҳпаймоии рӯзи 13 обон ҳамзамон дар саросари кишвари Эрон бо ҳузури пуршӯри донишомӯзон, донишҷӯён ва дигар ақшори ҷомеа дар маҳкумияти истикбори ҷаҳонӣ ва Исроили ҷинояткор баргузор шуд.
рақами хабар: 2361    Санаи нашр : 2024/11/04

ИКНА  - Раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ аз баргузории ҳамоиши байналмилалии мактаби Насруллоҳ ҳамзамон бо чиҳилумин рӯзи шаҳодати Сайид Ҳасан Насруллоҳ дар Теҳрон хабар дод. 
рақами хабар: 2360    Санаи нашр : 2024/11/03

Дабири коргуруҳи қуръонии атаботи муқаддаса унвон кард:
ИКНА - Муиззи Оқоӣ гуфт: Аз онҷо, ки муқовимат ба мавзӯъи аслии ҷаҳони Ислом табдил шудааст, лизо дар ҷаласаи ахири ин коргуруҳ муқаррар шуд 100 оят бо ин мавзӯъ барои иҷрои фози ҷадиди тарҳи миллии «Зиндагӣ бо оятҳо» интихоб шавад.
рақами хабар: 2359    Санаи нашр : 2024/11/03

ИКНА - Маросими роҳпаймоии Явмуллоҳ дар Теҳрон ва дигар шаҳрҳои кишвари Эрон субҳи имрӯз, 13-уми обон бо шиори "Роҳиёни Қудс" ва бо ҳузури пурҷӯшу хурӯши донишҷӯён инқилобӣ дар Теҳрон ва дигар шаҳрҳои кишвар баргузор шуд ва мардуми шаҳиддусти Эрони исломӣ ин рӯзи бузургро гиромӣ доштанд.
рақами хабар: 2358    Санаи нашр : 2024/11/03

ИКНА - Маҳди Акбари Зарин, қории мумтози кишвари Эрон субҳи рӯзи шанбе, дар ибтидои дидори ҳазорон нафар аз донишомӯзон бо раҳбари олии Инқилоби Эрон ба тиловати оёти 30 то 32 сураи Фуссилат ва сураи Наср пардохт.
рақами хабар: 2357    Санаи нашр : 2024/11/03

Рӯйдоди ҳунарҳои таҷассумии ҷавонони Машҳад ба хотири гиромидошти қаҳрамонони муқовимати исломӣ, таҳти унвони “Нақши Тӯфон” аз ҷониби муовини таблиғоти исломии Остон Қудси Разавӣ дар толори Қудс дар оромгоҳи Имом Ризо (а) баргузор шуд.
рақами хабар: 2349    Санаи нашр : 2024/11/02

ИКНА - Раисиҷумҳури Эрон, дар нахустин сафари устонии худ ба Қум пас аз зиёрати оромгоҳи Ҳазрати Маъсума (с) бо тавлияти остонаи муқаддаси он ҳазрат Ҳуҷҷатулисломи вал-муслимин Шаҳристонӣ, намояндаи Оятуллоҳи Систонӣ ва ҳамчунин уламои ин шаҳр мисли, оятуллоҳи Ҷаводии Омулӣ, Нурии Ҳамдонӣ, Сӯбҳонӣ, Макорими Шерозӣ ва Шубайрии Занҷонӣ; дидор ва суҳбат кард. Дар ин сафар раисиҷумҳурро Маҷиди Ансорӣ, муъовини қонунии раисиҷумҳур ва Сайид Аббоси Солеҳӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ ҳамроҳӣ мекард.
рақами хабар: 2348    Санаи нашр : 2024/11/02

ИКНА - Ҷамъе аз аъзои ҷомеаи қуръонии кишвари Эрон бо ҳузур дар яке аз бемористонҳои маҳалли бистарии ҷонбозони лубнонӣ аз ишон боздид карданд. 
рақами хабар: 2336    Санаи нашр : 2024/10/29

Ҳуҷҷатул-ислом Шаҳрёрӣ дар гуфтугӯ бо ИКНА матраҳ кард:
ИКНА - Дабири кулли маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ бо ишора ба асаргузори Тӯфони Ал-Ақсо дар ваҳдати миёни кишварҳои исломӣ гуфт: Тӯфони Ал-Ақсо сабаб шуд то ёргирии режими саҳюнистӣ бо пешбурди тарҳҳои монанди Абраҳам, ки дар таоруз бо ваҳдати ҷаҳони Ислом буд мутаваққиф шуда ва дар ҳошия қарор гирад ва лизо имрӯз дигар касе ҷуръат намекунад дар бораи робита бо режими ғосиби саҳюнистӣ сухан бар забон овард. 
рақами хабар: 2333    Санаи нашр : 2024/10/29

Гузориши ИКНА аз шаҳри синамоии Ғазолӣ
ИКНА - Шаҳраки синамоии Ғазолӣ макони тавлиди сериалҳо ва филмҳои зиёде буда, тарҳи саҳнавии сериали "Ҳазор дастон"-и ба ҳиммати зиндаёд Алии Ҳотамӣ ба фаъолияти ин шаҳрак шурӯъ карда, ҳоло бо мудирияти дурусти масоҳати он аз 21 гектар ба 63 гектар ва анборҳои он табдил ба 19 студия ба кор андохта шуданд.
рақами хабар: 2331    Санаи нашр : 2024/10/29

ИКНА - Созмони ҳамкории исломӣ бо судури баёнияе таҷовузи режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ба хоки Ҷумҳурии Исломии Эрон ро ба шиддат маҳкум кард.
рақами хабар: 2330    Санаи нашр : 2024/10/28

Ҳоҷҷатул Ислом Тоҳири Аминии Гулистонӣ:
ИКНА - Раиси Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Сулҳ ва Дин гуфт: Ба назари ман, дар шароити феълӣ, ки мо ба давраи баробарии динҳо рӯбарӯ ҳастем, бояд аз баёни матолиб ба сурати назарӣ худдорӣ кунем ва марокизи динӣ бояд роҳи ҳал ва беҳтарин сармашқ он Оинномаи Мадинаи Паёмбар (с) аст.
рақами хабар: 2328    Санаи нашр : 2024/10/28

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ:
ИКНА - Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бар ҳаққи мутлақи ин кишвар барои вокуниш ба иқдоми таҷовузи ахири режими саҳюнистӣ таъкид кард.
рақами хабар: 2327    Санаи нашр : 2024/10/28

ИКНА - Ҷамъе аз хонаводаҳои шуҳадои амният, бо ҳузур дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (ра) бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари инқилоби исломии Эрон дидор карданд.
рақами хабар: 2326    Санаи нашр : 2024/10/28

ИКНА - Як таҳлилгари сиёсии фаластинӣ мӯътақид аст, ки режими ишғолгар барои тармими чеҳраи махдуши нахуствазири худ, Бенямин Нетаняҳу ва эътилофи ифротии ӯ як ҳамлаи намоишӣ ва бефоида ба Эрон анҷом дод.
рақами хабар: 2325    Санаи нашр : 2024/10/27