Ба гузориши маркзи иттилоърасонии Фаластин, неруҳои вижаи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ бомдоди имрӯз, 10 баҳман моҳ бо нуфуз ба бемористони Ибни Сино дар Ҷинин воқеъ дар Каронаи Бохтарӣ, се ҷавони фаластиниро, ки дар ин бемористон бистарӣ буданд, ба шаҳодат расонданд.
Бар асоси эъломи манобеи маҳаллӣ, фармондеҳи шаҳид Муҳаммад Айман Ал-Ғазовӣ, аз поягузорони Катибаи Ҷинин, муҷоҳиди шаҳид Босил Айман Ал-Ғазовӣ ва фармондеҳи шаҳид Муҳаммад Валид Ҷаломана, аз фармондаҳони боризи Катоиби Қассом дар Ҷинин тайи ҷинояти имрӯзи Исроил ба шаҳодат расиданд.
Ба гуфтаи ин расонаҳо, ин се шаҳид аз ҷумла муҳиммтарин фармондаҳони гурдонҳои Ал-Қассом ва Сароё Ал-Қудс дар Ҷинин буданд.
Гуфта мешавад ин амалиёт тавассути неруҳои Мустаърибин (аз воҳидҳои сиррии сервиси амнияти дохилии режими саҳюнистӣ) анҷом шудааст.
Дар идома видеои аз лаҳзаи ҳамлаи неруҳои вижаи исроилӣ бо либоси кадри пизишкӣ ба бемористони Ибни Сино дар Ҷинин ва террори се муборизи фаластиниро мушоҳида мекунед.