Ба гузориши манобеи хабарӣ, фаъолияти нуздаҳумин давраи мусобиқоти байналмилалии ҷоизаи ҳифзи Қуръони Карими Алҷазоир, ки ба ҳиммати Абдулмаҷид Табун, раисҷумҳур, баргузор мешавад, якшанбе 4 феврал 2024 мелодӣ дар Алҷазира оғоз шуд.
Ифтитоҳияи нуздаҳумин давраи ҷоизаи байналамилалии ҳифзи Қуръони Алҷазоир зери назари Юсуф Балмаҳдӣ, вазири умури динӣ ва авқофи Алҷазоир баргузор шуд ва Муҳаммад Ҳасунӣ, мушовири раисҷумҳур дар умури динӣ ва мадориси қуръонӣ ва теъдоде аз аъзои ҳайати давлат ва масъулон теъдоде аз дастгоҳҳои миллӣ ва теъдоде аз намояндагони ҳайатҳои дипломатики кишварҳои мухталиф дар Алҷазоир низ дар он ширкат доштанд.
Фаъолиятҳои марбут ба ин мусобиқа дар чаҳор рӯз (аз 4 то 7 феврал) идома хоҳад дошт ва бо таҷлил аз се баргузидаи бартар дар маросими расмие, ки ба муносибати шаби мубораки Исроъ ва Меъроҷ баргузор мешавад, ба поён мерасад.
Ҷоизаи ҳифз ва таҷвиди Қуръони Карими Алҷазоир дар соли 2004 оғоз ба кор кард. Ин мусобиқа вижаи ҳофизони зери 25 сол аст ва касоне дар он ширкат мекунанд, ки дар давраҳои қабл рутбаҳои аввал то севумро касб накарда бошанд. Ҳамчунин қориёни шинохта шуда ё қориён ҳирфаӣ муҷоз ба ширкат дар ин мусобиқа нестанд.
Беш аз 40 кишвар аз ҷаҳони Араб ва Ислом дар марҳалаи муқаддамотии ин давра, ки байни 21 то 23 январ гузашта баргузор шуд, ширкат карданд ва 20 ширкат кунандаи мард ва зан ба марҳалаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд, ки аз ҷумлаи онҳо Юсуф Абдурраҳмон намояндаи Алҷазоир буд.
Ҳайати доварони ин мусобиқа ба риёсати шайх Ҳусайн Ваълилӣ аз Алҷазоир, шомили ду довари байналмилалӣ аст: доктор Тақиуддин Ат-Тамими аз Фаластин, ки дар ҳоли ҳозир симати риёсати гурӯҳи адабиёт ва улуми тарбиятӣ дар донишгоҳи техналогияи Фаластинро бар ӯҳда дорад ва ҳамчунин шайх Ислом ибни Фавзӣ Дашкин аз Федератсияи Русия, ки симти муфтии иёлати Пенза баръуҳда дорад ва узви маҷлиси Шӯрои муфтиёни Русия аст.