IQNA

Таъмини 35 000 Қуръон дар Масҷидулҳаром ба муносибати Ҳаҷ

16:23 - June 15, 2023
рақами хабар: 107
Идораи умури қуръонҳои вобаста ба тавлияти Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ дар Арабистон аз ҷойгузин кардани беш аз 35 ҳазор нусхаи Қуръон дар Масҷидулҳаром дар ростои барномаҳои худ ба муносибати мавсими Ҳаҷ хабар дод. 

Ба гузориши "ИКНА" ба нақл аз "Тавосул", дар ин тарҳ қуръонҳои Брайл барои нобиноён, тарҷумаҳои Қуръон ба забонҳои мухталиф ба вижа англисӣ, Урду ва индонезияӣ ҷойгузини қуръонҳои тамоми мусаллоҳои дохили Масҷидулҳаром ва мусаллои саҳни Саудӣ шудааст. 

Ҳамчунин дар ин масҷид тафсири Майсар (тафсири Осон), мусҳафи "Ал-Ҷавомеӣ" (Қуръони бо хатти Усмон та ва дар қатъи бузург барои тасҳил дар хондани оёт) ва нусхаҳои Қуръон чопи Маҷмаъи Малик Фаҳд қарор дода шудааст.

Идораи кулли умури Қуръон ва кутуби вобаста ба тавлияти Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ беш аз ин низ дар ростои афзоиши дастрасии зоирони Байтуллоҳилҳаром ба Қуръони Карим, нусхаҳои ҷадиде аз Қуръони Карим дар қафасаҳо ва дигар амокуни муртабит дар Масҷидулҳаром қарор дода буд ва ин иқдом ҳар чанд вақт якбор такрор мешавад. 

Хидматрсонии бештар ба ҳамаи зоирони Байтуллоҳилҳаром аз ҳар миллит ва бо ҳар сатҳе аз тавоноӣ ва саломат ва ҳамчунин анҷоми рисолати тавлияти кулли Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ барои хидмат ба Қуръони Карим аз аҳдофи ин тарҳ эълом шудааст.

عرضه 35 هزار قرآن در مسجدالحرام به مناسبت حج

https://iqna.ir/fa/news/4147438

captcha