Ба гузориши манобеи хабарӣ; Дар пайи ташдиди ҷиноёти режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ алайҳи мардуми мазлуми Фаластин дар Навори Ғазза, шаҳрвандони ду кишвари Малайзия ва Индонезия воқеъ дар шарқи Осиё ҳамчунон ба таҳрими маҳсулот ва ширкатҳои ҳомии ин режими ҷинояткор идома медиҳанд.
Ширкати «Unilever» , ки яке аз маъруфтарин барандаои фурӯш либос дар Индонезия аст, эълом кард: фурӯши мо дар се моҳаи поёнии соли гузаштаи мелодӣ расман ду баробар коҳиш ёфт.
Дар ҳамин росто, «Мак Доналд», дувумин ширкати мавриди ҳадафи таҳрими уммати исломӣ илова бар зарари молӣ дар бахши фурӯш эълом карда, ки ифтитоҳи шӯъбаҳои ҷадид аз тариқи фурӯши «Франчайзинг» ба шиддат коҳиш ёфта ва дигар касе аз ин амр истиқбол намекунад.
Ин дар ҳоле аст, ки қабл аз шурӯъи ҳамлаи режими кӯдаккуши саҳюнистӣ ба Навори Ғазза интизор мерафт теъдоди шӯъбаи Мак Доналд дар Малайзия 16 дарсад афзоиш ёбад, аммо токунун ин омор ҳатто ба як дарсад ҳам нарсидааст.
Ширкатҳои «Starbucks» ва«Danone» аз дигар ширкатҳое ҳастанд, ки мавриди таҳрим қарор доранд ва гузоришҳои мушобеҳи зарар ва зиён аз ин ширкатҳо низ ироа шудааст.