IQNA

Тамҷиди мушовири раисҷумҳури Миср аз сабки тиловати "Аҳмад Нуайнаъ"

5:04 - April 01, 2024
рақами хабар: 1299
ИКНА - Усома Ал-Азҳарӣ, мушовири раисҷумҳури Миср ва аз уламои Ал-Азҳар зимни тамҷиди аз сабки тиловати Аҳмад Нуайнаъ, қории саршиноси мисрӣ гуфт: мактаби тиловати Нуайнаъ ҳамтароз бо машоҳири қироати Миср аз ҷумла Ҳасрӣ, Рафъат ва Минишовӣ аст. 

 

Ба гузориши вебгоҳи рӯзномаи мисрии «Ад-Дастур», Усома Ал-Азҳарӣ, дирӯз, бо ҳузур дар барномаи «ومن الحب حیاة», ки аз шабакаи моҳвораии "DMC"-и Миср пахш шуд, гуфт: он чи ман ва Аҳмад Нуайнаъро пайванд медиҳад, дӯстӣ, муҳаббат ва ишқ аст ва таҷрибаи зиндагии ӯ дар хидмат ба Қуръонро бисёр таҳсин мекунам.

Вай дар идома мактаби тиловати Аҳмад Қуръонро ҳамтароз бо машоҳири қироати Миср ҳамчун Маҳмуд Халил Ҳасрӣ, Муҳаммад Рафъат ва Минишовӣ донист ва гуфт: тиловати Аҳмад Қуръон гӯши ҷаҳониёнро пур аз зебоии Қуръон карда ва пешравбудан ва қудрати мактаби решадори Миср дар тиловати Қуръонро тасбит ва ниҳодина кард.

Усома Ал-Азҳарӣ, дар идома клипи камёб аз тиловати Аҳмад Нуайнаъ пахш кард ва дар бораи он гуфт: тиловати ӯ олӣ ва нишотовар аст ва ҳеҷ вожае барои тавсифи зебоии он чи шунидем вуҷуд надорад. Ӯ дар мусобиқоти Қуръони Эрон машғул тиловат буд, ки ин сабки халлоқияти шигифтангезро ибдоъ кард ва дилҳои бисёре ошиқи ин ибдоъ шуд.

Вай афзуд: як ҷавони аҳли кишвар Туркия аз ин клипи Аҳмад Нуайнаъ тақлид карда то бубинем ишқ чигуна зиндагӣ меофарад, мардумро ба ҳам муттасил мекунад ва пешрав будани мсриҳо дар тиловати Қуръонро ниҳодина мекунад.

https://iqna.ir/00Heeb

captcha