Теҳрон (ИКНА), ба нақл аз "Аш-шарқ", ғурфаи Арабистони Саудӣ, ки дар сӣу дувумин намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Қатар ширкат кардааст, панҷ нусхаи хаттии камёбро ба намоиш гузоштааст. Аз ҷумла як Қуръони 30 варақаӣ, ки ҳар ҷузъи он рӯи як барг навишта шудааст.
Ин Қуръон марбут ба қарни сездаҳум аст ва тавассути Абдулбоқиҷон Муҳаммад навишта шудааст.
Ғурфаи Арабистони Саудӣ ширкат кунанда дар сӣу дувумин намоишгоҳи байналмилалии китоби Доҳа маҷмӯаи нодире аз дастнавиштаҳои таърихиро ба намоиш гузошта, ки нишондиҳандаи таърих ва тамаддуни ин кишвар аст.