IQNA

Хотираи масеҳиёни Миср аз таваққуфи тиловати шайх Рафъат дар радио

19:56 - May 12, 2024
рақами хабар: 1491
ИКНА - Ҳамзамон бо фирорсидани солгарди даргузашти шайх Муҳаммад Рафъат, аз навобиғи қироати Қуръони Карим дар ҷаҳони Ислом бори дигар хотираи эътирози масеҳиёни Қибтии Миср ба таваққуфи тиловати ин қории бузург дар радиои Қуръони ин кишвар, дар расонаҳо матраҳ шудааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, шайх Муҳаммад Рафъат дар замони зиндагии худ бо бисёре аз кишишон ва роҳибони Қибтӣ дӯст ва ҳамроҳ буд ва бисёре аз ҳунармандони масеҳии Миср аз ҷумла Наҷиб Ал-Риҳонӣ борҳо аз алоқаи бисёри худ ба шайх ва тиловати ӯ сухан гуфтаанд. 

Хотираи эътирози густурдаи калисои Қибтии Миср ва масеҳиёни ин кишвар ба таваққуфи тиловати шайх Муҳаммад Рафъат дар радиои Қуръони Миср ва дархости онҳо аз ӯ барои аз саргирии тиловат, яке аз машҳуртарин достонҳои маҳсуб мешавад, ки ҳикоят аз маҳбубияти густурдаи шайх Муҳаммад Рафъат ва фаротар аз он Қуръони Карим дар миёни пайравони мазоҳиби мухталифи Миср дорад. 

Ин хотира нахустин бор аз сӯи Люис Грейс, рӯзноманигори саршиноси мисрӣ ва сардабири собиқи маҷаллаи Сабоҳалхайр, дар Миср баён шудааст. 

Ба гуфтаи вай дар соли 1939 шайх Муҳаммад Рафъат муддате ба далели ихтилофоти идорӣ бо масъулони радиои Қуръони Миср аз тиловат дар ин радио даст кашид, ин дарҳоле буд, ки радиои Миср нахустин пахши барномаҳои худро бо интишори тиловати Қуръон аз сӯи ин қории бузург оғоз кард. Дар пайи таваққуфи тиловати шайх Муҳаммад Рафъат дар радиои Миср мавҷе аз эътироз ба ин тасмим дар миёни масеҳиёни Қибтӣ ба роҳ афтод ва клисои Қибтии Миср низ ба ин иқдом эътироз кард.

Ба гуфта Люис Грейс масеҳиёни мисрӣ алоқаи бисёр зиёде ба тиловати сураи Марям аз сӯи шайх Муҳаммад Рафъат доштанд; Ҳамчунин шайх Муҳаммад Рафъат бо тиловати худ, нақши миллии бисёр муҳиммеро ифо ва беш аз суханони сиёсатмадорон, қибтиҳоро ба мусулмонон наздик кард. Тиловати сеҳрангези шайх роҳи худро ба дилҳои мисриён аз ҳар мазҳабе гушӯд ва қалбҳои мардумро ба ҳам наздик кард. Шайх ҳамчунин дар даврон раҳбарии Мустафо Комил ва инқилоби мардуми Миср алайҳи истеъморгарони англисӣ дар соли 1919 низ нақши муҳиммеро ифо кард ва бисёре аз масеҳиёни Қибатии Миср ба пайравӣ аз шайх Муҳаммад Рафъат дар ин қиём ширкат карданд. 

Шайх Муҳаммад Рафъат илова бар тиловати зебои Қуръон нахустин фарде буд, ки аз мақоми сегоҳ дар азон баҳра бурд; То пеш аз ӯ, ҳамеша аз мақоми Ҳиҷоз барои гуфтани азон истифода мешуд.

https://iqna.ir/fa/news/4215123

captcha