IQNA

Дар маросими ташйиъи пайкарҳои шуҳадои хидмат дар Теҳрон баён шуд

Исмоил Ҳания: шаҳид Раисӣ, Тӯфони Ал-Ақсоро таҳаввули ҷаҳонӣ медонист + филм

15:32 - May 22, 2024
рақами хабар: 1544
ИКНА - Раиси дафтари сиёсии Ҳамос бо ҳузур дар маросими ташйиъи пайкарҳои шуҳадои хидмат дар Теҳрон тайи суханоне гуфт: аз нигоҳи раисҷумҳури фақиди Эрон, шаҳиди Рятуллоҳи Раисӣ, Тӯфони Ал-Ақсо зилзилае буд, ки қалби режими саҳюнистиро ҳадаф қарор дод ва як таҳаввул дар сатҳи ҷаҳонӣ эҷод кард.

Ба гузориши хабарнигори ИКНА, маросими бузургдошт ва ташйиъи пайкари шуҳадои хидмат, шаҳид Оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳур ва ҳайати ҳамроҳашон, дар донишгоҳи Теҳрон оғоз шуд. 

Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос ва шайх Наим Қосим, муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар маросими ташйиъи шуҳадо ҳузур доранд.

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар суханронии худ дар маросими ташйиъи раисҷумҳурӣ ва ҳайати ҳамроҳ гуфт: бародарони азиз бо дуруд ба шумо имрӯз ба номи миллати Фаластин ва ба номи муқовимат ва ба номи Ғазза тасалияти худро ба раҳбарӣ ва давлат ва миллати Ҷумҳурии Исломии Эрон иблоғ мекунам. Ба хонаводаҳои ин шуҳадо шаҳодати ин бузургон доктор Иброҳими Раисӣ ва бародарам доктор Амир Абдуллоҳиён ва касоне, ки дар ин сафар ҳамроҳи онҳо будандро тасалият мегӯям ва аз Худованди Мутаол хосторам шуҳадои бузургаворро мавриди мағфират ва дар биҳишти худ ҷой диҳад. 

Исмоил Ҳания гуфт: ҳуҷҷатулислом Раисӣ ҳамвора ҳомии муқовимат ва ормони Фаластин буд ва мо мутмаинем ин сиёсат ва стратегияи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунон идома хоҳад ёфт.

Вай афзуд: дар моҳи мубораки Рамазон дар сафар ба Теҳрон дидоре бо оқои раисҷумҳур доштем. Дар суханоне ишон ба мавозеи собти Эрон дар қиболи мардуми Фаластин гӯш додем. Ишон дар ин дидор бар се меҳвар таъкид карданд. Аввал инки масъалаи Фаластин масъалаи аввали уммати исломӣ аст ва уммати исломӣ бояд ба масъулиятҳои худ барои эҷоди замина барои озодсозии сарзамини Фаластин амал кунад.

Ҳания идома дод: дувумин нуктае, ки ишон гуфтанд ин буд, ки масъалаи Фаластин танҳо як масъалаи сиёсӣ нест балки дар қалби уммати исломӣ аст.

Вай идома дод: масъала севум Тӯфони Ал-Ақсо буд, ки миллати Фаластин дар ҳоли анҷоми он аст ва аз ҷабҳаи Ғазза бо иззат то ҳамаи ҷабҳаҳои муқовимат дар дигар нуқот идома дод. Ҳуҷҷатулислом Раисӣ Тӯфони Ал-Ақсоро зилзилае донистанд, ки қалби режими саҳюнистиро ҳадаф қарор дод ва як таҳаввули таърихӣ дар ҷаҳон эҷод кард.

код

https://iqna.ir/fa/news/4217658

captcha