IQNA

Чопи маҷмӯаи 48 ҷилдии Офтобгардон дар Малайзия

20:51 - May 29, 2024
рақами хабар: 1579
ИКНА - Бар асоси тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни интишороти маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли байт (а) ва як ношиир малайзияӣ, маҷмӯаи 48 ҷилдии Офтобгардон дар ин кишвар чоп хоҳад шуд.

Чопи маҷмӯаи 48 ҷилдии Офтобгардон дар Малайзия ба гузориши ИКНА аз Малайзия, интишороти маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли байт (а), ки дар намоишгоҳи байналмилалии китоби Малайзия ҳузур ёфтааст аз ҳамкорӣ бо интишороти HIBBA ин кишвар хабар дод. 

Интишороти маҷмаъ дар ҳошияи чиҳил ва якумин намоишгоҳи байналмилалии китоби Малайзия дар хусуси чопи маҷмӯаи 48 ҷилдии Офтобгардон бо ин интишорот тафоҳумномае имзо кард.

Бар асоси тавофуқи сурат гирифта миёни интишороти маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли байт (а) ва интишороти HIBBA маҷмӯаи 48 ҷилдии Офтобгардон (достонҳое перомуни зиндагонии асҳоби Паёмбар (с) ба 16 забони вижаи кӯдакон) дар Малайзия чоп ва дар кишварҳои Амрико, Англис ва Канада тавзеъ хоҳад шуд.

Мудири интишороти HIBBA бо истиқбол аз ҳамкорӣ дар чопи маҷмӯаи Офтобгардон ба забони англисӣ ибрози умедворӣ кард, ки ин тавофуқ панҷарае ба сӯи таомулоти бештар ва густурдатар миёни интишороти маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли байт (а) ва интишороти HIBBA дар ҳавзаи тарҷума, чоп ва тавзеъи осори ҳар ду ношир дар кишварҳои мухталиф бошад.

Чиҳил ва якумин намоишгоҳи байналмилалии китоби Куала-Лумпур бо ҳузури 17 кишвар аз таърихи 4 хурдод лиғоят 13 хурдод дар ҳоли баргузорӣ аст ва интишороти маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли байт (а) дар бахши ноширони хориҷӣ ҳузур ёфтааст.

Ёдоварӣ мешавад, имсол бо мусоидати вижаи созмони фарҳанг ва иртиботи Исломӣ ва пайгирии ройзании фарҳангии кишвари Эрон дар Малайзия; Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли байт (а) ва интишороти Алҳудо дар ин намоишгоҳ ҳузури фаъол доранд.

https://iqna.ir/00HhZX

captcha