IQNA

Мелоди Ошиқӣ баён кард:

Умедвор ба ҳузур дар марҳалаи ниҳоии мусобиқоти Қуръони Туркия

18:24 - June 19, 2024
рақами хабар: 1694
ИКНА - Намояндаи кишвари Эрон дар мусобиқоти байналмилалии Қуръони кишвари Туркия бо ишора ба ҳузур дар марҳалаи маҷозӣ ин рӯйдод тайи рӯзҳои гузашта гуфт: ба се савол посухи комил додам ва умеди зиёде барои ҳузур дар марҳалаи ҳузурӣ ва ниҳоӣ дорам. 

Мелоди Ошиқӣ, ҳофизи кулли Қуръон ва намояндаи кишвари Эрон дар мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими кишвари Туркия дар гуфтугӯ бо хабарнигори ИКНА, дар мавриди ҳузур дар ин рӯйдод гуфт: бо таваҷҷуҳ ба инки соли гузашта дар мусобиқоти саросарии Қуръони Карими Созмони авқоф ва умури хайрия рутбаи севумро ба даст овардам, имсол ба унвони намояндаи Эрон дар мусобиқоти Туркия ҳузур хоҳам ёфт.

Вай бо ишора ба инки мусобиқоти Қуръони Туркия дар ду марҳалаи муқаддамотӣ ва ниҳоӣ баргузор мешавад, афзуд: марҳалаи муқаддамотии ин мусобиқот ба сурати ғайри ҳузурӣ ва дар даҳаи аввали Хурдодмоҳ баргузор шуд. Дар ин марҳала, ки ба навъе гузиниши аввалияи ширкаткунандагон буд, се савол пурсида шуд, ки ба ин саволот посухи комил дода шуд.

Ошиқӣ тасреҳ кард: бар асоси сӯҳбате, ки бо яке аз авомили баргузории мусобиқот доштам ба эҳтимоли зиёд дар марҳалаи ниҳоии мусобиқот, ки ба сурати ҳузурӣ баргузор мешавад, ҳозир хоҳам буд. Маъмулан низ қориён ва ҳофизони эронӣ бо таваҷҷуҳ ба сатҳе, ки доранд ба роҳатӣ ба марҳалаи ҳузурии мусобиқот роҳ меёбанд.

Ин ҳофизи кулли Қуръони Карим дар посух ба саволе дар мавриди мизони ошноӣ бо оинномаи мусобиқоти Туркия, ба собиқаи ҳузури худ дар мусобиқоти байналмилалии Қуръони кишварҳои Иморот ва Квайят дар солҳои гузашта ишора ва изҳор кард: мусобиқоти монанди Кувайят, Иморот, Туркия ва ... маъмулан оинномаи фаннии хоссе надоранд. 

Ёдовар мешавад, Мелоди Ошиқӣ, мутаваллиди дувуми баҳмани 1378 аст, вай аз ҳаштсолагӣ ҳифзи Қуръони Каримро шурӯъ кард ва дар 10 солагӣ муваффақ ба ҳифзи кулли Қуръони Карим шудааст. Ошиқӣ ҳамакнун донишҷуи соли шашуми пизишкӣ аст.

Ошиқӣ то пеш аз ин дар мусобиқоти байналмилалии Қуръони Иморот (ҷоизаи бузурги Дубай) ва ҳамчунин мусобиқоти Қуръони Кувайт низ ҳузур ёфтааст ва мусобиқоти Туркия севумин ҳузури ӯ дар як рӯйдоди рақобатии байналмилалӣ аст.

https://iqna.ir/fa/news/4222216

captcha