Ба гузориши манобеи хабарӣ, Насриддин Умар, имом ҷамоати масҷиди Истиқлол дар пойтахти Индонезия эълом кард, ки Поп Франсис, раҳбари клисои катулики Рум, қарор аст дар авоили сентябри 2024 барои ширкат дар як нишаст бо раҳбарони динии ин кишвар ба Индонезия сафар кунад.
Насриддин Умар, пас аз иқомаи намози иди Қурбон дар масҷиди Истиқлол дар маркази Ҷакарта гуфт: ба хости Худо, қарор аст Поп аз 3 то 6 сентябр ба Индонезия сафар кунад. Ӯ дар 5 сентябр аз масҷиди Истиқлол боздид хоҳад кард.
Исмаил Кавидо, раиси ҳайати мудираи масҷиди Истиқлол низ гуфт, ки вуруди Поп Франсис бахше аз сафари осиёии вай ба чанд кишвар аз ҷумла Папӯз Гинаинав, Тимури Шарқӣ ва Сангапур хоҳад буд. Вай афзуд: Индонезия аввалин мақсади ӯ хоҳад буд.
Поп Франсис қарор аст дар 4 сентябр аз клисои ҷомеъ ва рӯзи баъд аз масҷиди Истиқлол дар 5 сентябр боздид кунад.
Ӯ гуфт: Поп дар ин дидор бо ҳамаи раҳбарони мазҳаб дар Индонезия дидор мекунад. Дар ин ҷаласа натанҳо уламо ва кишишон, балки раҳбарони адёни дигар монанди буддоиҳо, ҳиндуҳо ва пайравони конфутсия низ ҳузур хоҳанд дошт. ҳудуди 150 нафар дар ин маросим ширкат хоҳанд кард.
Вазорат умури хориҷаи Индонезия бар аҳамияти сафари Поп таъкид ва эълом кард, ки ин сафар натанҳо барои катуликҳо балки барои ҳамаи ҷавомеъи мазҳабии ин кишвар муҳим аст. Ин вазоратхона ибрози умедворӣ кард, ки ин сафар паёми бурдборӣ, ваҳдат ва сулҳи ҷаҳониро тақвият кунад.