Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар миёни ҳузури густурдаи мардумӣ ва таомули густурда, намоишгоҳи ганҷинаҳои хаттии камёб, шомили муҳиммтарин ва камёбтарин нусхаҳои хаттии Қуръон дар ҷаҳони Ислом аз қарни аввали ҳиҷрӣ то қарни сездаҳуми мелодӣ ва осоре, ки ба хати моҳиртарин котибони ҷаҳони Ислом китобат шуда буда, ба поён расид.
Ин намоишгоҳ шомили ганҷинаҳое аз нусахи хаттии камёб, ба вижаи нусхе аз Қуръони Карим буд, ки ба бозаи замонӣ аз қарни нахуст то қарни севуми ҳиҷрӣ тааллуқ дошт.
Дар ин намоишгоҳ 12 нусхаи хаттии Қуръони Карим ба намоиш даромада, ки рӯи пӯст навишта шуда ва аз сӯи моҳиртарин хушнависон дар тӯли аъсор навишта шудааст. Аз ҷумла нусахи хаттии камёбе, ки мавриди таваҷҷуҳи вижа қарор гирифтаи қуръонӣ аст, ки ба Имом Алӣ (а) мансуб аст.
Ин намоишгоҳ танҳо ба Қуръони Карим маҳдуд намешуд, балки шомили 16 нусхаи хаттӣ аз осори фалсафӣ ва фиқҳии мухталиф ба хатти уламое чун шайхи Туcӣ ва ибни Коммуна аст. Ганҷинаи нусахи хаттии ҳарами мутаҳҳари Алавӣ, ганҷинаи бузург ва азиме ба шумор меравад, ки шомили беш аз 7500 нусхаи хаттии камёб аз ҷумла Қуръонҳо ва нусахи хаттии арзишманд аст.
Ин намоишгоҳ, ки ба ҳиммати остони алавӣ дар шаҳри Наҷафи Ашраф дар толори масҷиди Умрон ибни Шоҳин ва ба муносибати ҳафтаи ҷаҳонии Ал-Ғадир баргузор шуда буд, аз сӯи ҳазорон нафар мавриди боздид қарор гирифт.