IQNA

Салван Момика тавҳин кунандаи ба Қуръон дубора таҳдид ба қуръонсӯзӣ кард

22:15 - July 17, 2023
рақами хабар: 232
Салван Момика омили беҳурматии Қуръони Карим дар Шветсия ваъда дод ин ҳафта бори дигар Қуръон ва парчами Ироқро дар Стокголм ба оташ хоҳад кашид.

Ба гузориши (ИКНА) ба нақл аз Ватан Сарб, Салван Момика, муҳоҷири Ироқии муқими Шветсия эълом кард, ки қасд дорад қуръонсӯзиро такрор кунад.

Алорағми пайгардҳои дипломатики вазорати умури хориҷаи Ироқ ва эътирозоте, ки дар Шветсия ва хориҷ аз ин кишвар ва ҷаҳони Ислом ба роҳ афтод, Момикаи 37 сола дар клипе эълом кард, ки Қуръонро ба ҳамроҳи парчами Ироқ ва ин бор дар муқобили сафорати кишвараш (Ироқ) дар Шветсия ба оташ хоҳад кашид.

Ин фарди ифротӣ гуфт, ки ин корро рӯзи панҷшанбе, 20 июл соати яки баъд аз зӯҳр (ба вақти маҳаллӣ) муқобили сафорати Ироқ дар Стокголм анҷом хоҳад дод. Вай таъкид кард: Қуръон ва парчами Ироқро месӯзонем, худам ва дӯсти ироқиям Салван Наҷм.

Ӯ гуфт, ки аз сӯзондани Қуръон даст барнамедорад ва то замоне, ки Қуръон ба таври комил таҳрим нишуд ё тибқи иддаои ӯ оёти таҳрифшудае, ки ба куштор доман мезанад аз он ҳазф нишуд, ба ин кор идома хоҳад дод.

Вазорати хориҷаи Ироқ хотирнишон кард, ки аз Стокголм хостааст, ки ин паноҳндаи ироқие, ки ин иқдоми тавҳиномезро анҷом додааст таҳвил диҳад.

Шоёни зикр аст, ки Салван Момика пеш аз ин дар Ироқ як фарди шибҳи низомии дорои собиқаи пур аз қатл ва ифротгароӣ аст, ки ба унвони паноҳнда ба Шветсия омад. Ӯ бо Ислом ва мусулмонон душманӣ дорад ва хоҳони ихроҷи муҳоҷирон аз Шветсия аст.

Салван Момика борҳо эътироф кард, ки ба кишвари Ироқ тааллуқ надорад ва гуфт: Ироқ ватани ман нест ва интавр нахоҳад буд, зеро ман ба таври тасодуфӣ дар онҷо ба дунё омадаам. Агарчи ӯ бо як зани ироқӣ издивоҷ кардааст. Ду писар дорад ва аҳли шаҳри Ҳамдония дар дашти Найнаво дар шарқи Мусел аст.

https://iqna.ir/fa/news/4155581

captcha