IQNA

Сураҳои Қуръон / 41

Таъкид бар таҳрифнопазирии Қуръон дар сураи “Фуссилат”

0:00 - July 26, 2023
рақами хабар: 264
Яке аз эътиқодоти мусулмонон таҳрифнопазирии Қуръон дар тӯли таърих аст. Бар ин асос Қуръони Карим ҳамон аст, ки бар Паёмбари Ислом(с) нозил шуда ва калимае аз он кам ва ё бар он изофа нашудааст.

Ин яке аз мӯъҷизоти Қуръон низ дониста мешавад.

Чиҳилу якумин сураи Қуръони Карим, “Фуссилат” ном дорад. Ин сура бо 54 оят дар ҷузъҳои 24 ва 25 Қуръон ҷой гирифтааст. Сураи Фуссилат ҷузви сураҳои макӣ ва дар тартиби нузул, шасту якумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом(с) нозил шудааст.

Вожаи “Фуссилат”, “шево баён шуда” маъно шуда. Бархе низ ин вожаро “бахш бахш” ё “фасл фасл” маъно кардаанд. Ин вожа дар ояти севуми ин сура омада ва ба ҳамин ҷиҳат ин сура ба ин ном шӯҳрат ёфтааст.

Сураи Фуссилат бештар дар бораи рӯйбаргардондани кофирон аз Қуръон сухан мегӯяд. Ин мавзӯъ бахшҳои мухталифе аз ин сура такрор шудааст. Дар ибтидои сура, то шаш оят масъалаи инкори китобро думбол мекунад, сипас дар ояти 26 муҷаддадан ҳамин матлабро мутазаккир шуда ва мефармояд: وَقَالَ الَّذِينَ كَفَرُوا لَا تَسْمَعُوا لِهَذَا الْقُرْآنِ وَالْغَوْا فِيهِ لَعَلَّكُمْ تَغْلِبُونَ: “Ва касоне, ки кофир шуданд, гуфтанд ба ин Қуръон гӯш мадиҳед ва сухани лағв дар он андозед, шояд шумо пирӯз шавед” ва барои навбати севум дар ояти 40, ҳамин матлабро аз сар гирифта, мефрмояд: إِنَّ الَّذِينَ يُلْحِدُونَ فِي آيَاتِنَا لَا يَخْفَوْنَ عَلَيْنَا أَفَمَنْ يُلْقَى فِي النَّارِ خَيْرٌ أَمْ مَنْ يَأْتِي آمِنًا يَوْمَ الْقِيَامَةِ اعْمَلُوا مَا شِئْتُمْ إِنَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ: “Касоне, ки дар [фаҳм ва ироаи] оёти мо каҷ ме‏рванд бар мо пӯшида нестанд оё касе, ки дар оташ афканда ме‏шавад беҳтар аст‏ ё касе, ки рӯзи қиёмат осуда ‏хотир ме‏ояд ҳар чӣ мехоҳед бикунед, ки Ӯ ба ончи анҷом медиҳед биност”.

Ва дар авохири сура боз сухан аз Худоӣ будани Қуръон намуда ва мефрмоед: قُلْ أَرَأَيْتُمْ إِنْ كَانَ مِنْ عِنْدِ اللَّهِ ثُمَّ كَفَرْتُمْ بِهِ مَنْ أَضَلُّ مِمَّنْ هُوَ فِي شِقَاقٍ بَعِيدٍ: “Бигӯ ба ман хабар диҳед агар [Қуръон] аз назди Худо [омода] бошад ва онро инкор карда бошед чӣ касе гумроҳтар аз он кас хоҳад буд, ки ба мухолифати дӯр ва дароз [дучор] омада бошад” (Фуссилат / 52).

Таҳрифи нашудани Қуръон ё таҳрифнопазирии Қуръон, аз эътиқодоти умуми мусулмонон аст, ки бар асоси он мӯътақиданд Қуръоне, ки дар дасти мусулмонон аст, дақиқан ҳамон аст, ки бар Паёмбар(с) ваҳй шуда ва на чизе ба он афзуда ва на аз он кам шудааст. Муфассирон ва мутакаллимон дар рад ва инкори ҳар гуна таҳриф, ба оёт ва ривояоте истинод кардаанд. Оёти 41 ва 42 сураи Фуссилат аз ҷумлаи ин оёт аст.

Лозимаи рӯй баргардондани мушрикин аз китоби Худо, инкори усулии се гонаи дин аст, ки асоси даъвати исломро ташкил медиҳад, ва он иборат аст аз ваҳдонияти Худо, нубуввати Паёмбари Ислом(с) ва маод ва чун чунин лозимае дар кор буд, лизо дар бораи ин се асли муфассал сухан мегӯяд, ва дар зимн, бишорат ва инзор медиҳад.

Дигар матолибе, ки дар ин сура матраҳ шуда ин мавзӯъот аст: масъалаи ваҳдонияти Худо, нубуввати хотамуланбиё(с), нузул ва авсоф ва хусусиёти Қуръон, масъалаи маод ва аҳволи қиёмат, шаҳодатдодани чашм ва гӯш ва пӯст ва тамоми аъзо ва ҷавориҳи дӯзахён бар алайҳи онон ва саргузашти қавми Од ва қавми Самуд аст.

captcha