Ба гузориши (ИКНА) ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии Остони муқаддаси Ҳусайнӣ, Филип Кармели, дар соли 1639 (соли 1039 ҳ.қ) озими минтақаи ғарб ва ҷануби Осиё ва дар ин сафарҳо аз Шом, Ироқ, Эрон ва Ҳинд дидан кард. Филип Кармели, аз тариқи Ҳалаб ба Ироқ сафар кард. Вай қабл аз сафар ба Эрон аз Басра, Бағдод, Анно, Ҳилла ва Карбало дидан кард, бинобар ин мушоҳидоти худро дар ин шаҳрҳо ба тафсил сабт кард.
Филип Кармели, мардуми Карбалоро меҳрубон ва шуҷоъ тавсиф мекунад. Аз сӯи мардуми ин шаҳрро бисёр мӯъмин ва мӯътақид ба Ислом ва оинҳои динӣ муаррифӣ мекунад. Филип Кармели дар даврони ҳузури худ дар Карбало моҳи Рамазони ин шаҳрро низ дидааст, ба гуфтаи ӯ мардуми Карбало дар он замон бо садои човуше, ки ашъоре дар истиқбол аз моҳи Рамазон мехонд ва ҳамчунин тиловати Қуръон аз сӯи қориён ва муаззинон ва бишорати расидани моҳи Рамазон, аз фаро расидани ин моҳ бо хабар мешуданд.
Бисёре аз пажӯҳишгарон оғози равнақи мутолиоти шарқшиносиро ба даврони ҷангҳои салибӣ нисбат додаанд. Дар ин даврон дар пайи ошноӣ рӯзафзуни аврупоиҳо бо ҷаҳони Ислом, ҷунбише барои мутолиаи осори исломӣ равнақ ёфт.
Яке аз муҳиммтарини ин сафарҳоро бояд сафари Филип Кармели ба Шом, Ироқ, Эрон ва Ҳинд донист. Ин роҳиби масеҳие, ки мансуб ба фирқаи роҳибони Кармел аз роҳибони католикӣ аст, ки гароишҳои дарвешӣ ва порсоёна дорад.
Сафарнома вай аз сӯи Питер Ҳаддад, роҳиби лубнонӣ аз лотинӣ ба арабӣ тарҷума ва дар солӣ 1989 дар чаҳорумин шумораӣ маҷаллаӣ «Ал-Маврид» интишор ёфтааст.