Ба гузориши ИКНА, вебинори байналмилалии "Китоби Азиз" ба ҳиммати ИКНА ва бо ҳадафи баррасии муҳиммтарин иқдомот барои ҷилавгирӣ аз такрори ҳатки ҳурмати Қуръон аз дидгоҳи донишгоҳиён сешанбе, баробар бо аввали август 2023 дар маҳалли ин расонаи қуръонӣ баргузор шуд.
Алӣ Муҳйиддин Қарадоғӣ, дабири кулли Иттиҳодияи ҷаҳони уламои мусулмон аз кишвари Қатр тайи суханоне дар ин вебинар изҳор кард: ширкат дар ин вебинар мояи ифтихори ман аст ва бояд бидонем ҳеҷ як аз муқаддасоти мо аз талош барои иҳонат дар амон нест.
Вай афзуд: ин иҳонатҳо имрӯз ба муқаддасоти ҳудуди ду миллиард мусулмон анҷом шудааст ва мо бояд қабл аз муттаҳамкардани иҳонткунандагон ва омилони он аз ҷумла саҳюнисм, худамонро нақд кунем; Чаро, ки бо вуҷуди ин, ки уммати исломӣ ҳудуди 60 давлат аст, мавзеъи қотеъонае иттихоз накардаем.
Қарадоғӣ тасреҳ кард: агар мавзеъи воҳид ва якпорчае аз сӯи мо мусулмонон иттихоз шавад, душманон ҳаргиз наметавонанд ба муқаддасоти мо иҳонат кунанд.
Дабири кулли Иттиҳодияи ҷаҳони уламои мусулмон идома дод: душманон пеш аз ин бо корикотурҳои тавҳиномез, Паёмбар(с)ро мавриди иҳонат қарор доданд ва имрӯз ин иҳонатҳо ба сӯзондани Қуръон дар Шветсия ва Дания расидааст ва ман мӯътақидам ин гуна иқдомот мутаваққиф нахоҳад шуд.
Вай баён кард: мо дар Иттиҳодияи уламои мусулмон ва ҳамчунин аз Ал-Азҳар, таҳрими дипломатик ва иқтисодии кишварҳои иҳонаткунандаро хостор шудаем ва ин таҳримҳо бояд таҳдиди ҳақиқӣ барои онон бошад то таъсири воқеӣ худро дошта бошад.
Дабири кулли Иттиҳодияи ҷаҳони уламои мусулмон гуфт: яке дигар аз муқаддасотамон яъне Қудси шариф низ шаб ва рӯз мавриди иҳонат қарор мегирад ва Қуръони Карим дар масоҷиди Фаластин пора мешавад ва мо шоҳиди иҳонтаҳои аз сӯи шаҳракнишинони саҳюнист ба муқаддасоти исломӣ ҳастем.
Вай афзуд: бинобар ин бояд мавозеъи амалӣ иттихоз кунем ва таҳрим бояд фарогир ва ҳамаҷониба бошад ва ҳар гуна харид ва фурӯш бо кишварҳои иҳонткунанда ба муқаддасоти исломӣ мутаваққиф шавад ва кишварҳо ва миллатҳо дороиҳои худро аз банкҳои вобаста ба ин кишварҳо хориҷ кунанд.