Ба гузориши (ИКНА) ба нақл аз Ал-Аҳд, даргириҳои мусаллаҳона дар урдугоҳи оворагони фаластинии Айнул-Ҳулва дар шаҳри Сайдо воқеъ дар ҷануби Лубнон аз шанбе шаби гузашта оғоз шуда ва токунун 10 кушта ва 50 захмӣ барҷой гузоштааст.
Бо вуҷуди талоши неруҳои амниятӣ барои ором кардан авзоъ, аммо шиддати даргириҳо ба нисбати рӯзҳои қабл бештар шуда ва қариб ба 60 дарсади сокинони урдугоҳ, хонаҳои худро аз бими авзоъи хушунатбор онҷо тарк карданд.
Таҷаммӯъи уламои мусулмон дар Лубнон бо судури баёнияе дар бораи даргириҳои ҷорӣ дар урдугоҳи оворагони фаластиниии Айнул-Ҳулва бар лузуми таваққуфи фаврии даргириҳо таъкид кард.
Дар ин баёния омадааст: мо аз ҳамаи гурӯҳҳои фаластинӣ мехоҳем бо эъломи барот аз ҳаводиси ҷорӣ дар Айнул-Ҳулва ҳар гуна ҳимояте аз ин гурӯҳҳое, ки омили даргириҳои ахир будаанд салб карда, онҳоро решакан кунанд ва иҷоза надиҳанд, ки урдугоҳ ба даргириҳои хунбор кашида шавад, ки ҷон ва моли мардумро ҳадаф мегирад.
Таҷаммӯъи уламои мусулмон таъкид кард: радди пои душмани саҳюнистӣ аз тариқи созмони ҷосусии ин режим дар пушти ин иттифоқот ошкор аст ва ин як бори дигар таъйид мекунад, ки гурӯҳҳои такфирӣ дар хидмати режими саҳюнистӣ ҳастанд, гурӯҳҳое, ки ҳеҷвақт даст ба ҳеҷ амалиёте алайҳи душмани саҳюнистӣ назданд балки тамоми набарди онҳо бо мусулмонон ва масеҳиёни миллатҳои мо дар хидмат ба барномаи саҳюнистӣ Амрикоӣ будааст.
Дар поёни ин баёния омадааст: иттифоқот дар урдугоҳи Айнул-Ҳулва дар ростои барномаи тахриби урдугоҳҳои оворагони фаластинӣ аз урдугоҳи Талу-Заатр ба Нахрул-Борид ва имрӯз Айнул-Ҳулва аст то муқаддимае барои таҳмили искони оворагони Фаластин дар хориҷ аз ин сарзамин ва мумониат аз бозгашти онҳо ба сарзамини модарии худ бошанд аз ҳамин рӯ ҳамаи Лубнониҳо ва Фаластиниҳои содиқ бояд огоҳ бошанд.