IQNA

Сураҳои Қуръон / 58

Манзури Қуръон аз “Ҳизбуллоҳ” дар сураи муҷодила

23:15 - August 20, 2023
рақами хабар: 364
Теҳрон (ИКНА) дар Қуръони Карим аз мӯъминони воқеӣ хоста шуда то ба “Ҳизбуллоҳ” бипайванданд. Ҳар чанд калимаи “Ҳизб” имрӯза ба унвони як вожаи эътиқодӣ – сиёсӣ табдил шудааст, аммо аз нигоҳи Қуръон ин вожа марбут ба як фазои фикрӣ ва динӣ аст ва марбут ба нажод ва забони хоссе намешавад бинобар ин ҳар инсоне дар ҳар ҷои дунё метавонад узве аз “Ҳизбуллоҳ” бошад.

Панҷоҳу ҳаштумин сураи Қуръони Карим “Муҷодила” ном дорад. Ин сура бо 22 оят дар ҷузъи бисту ҳаштуми Қуръони Карим қарор гирифтааст. Ин сура, ки маданӣ аст дар тартиби нузул, саду шашумин сурае аст, ки бар Паёмбар(с) нозил шудааст.

Номгузории ин сура ба номи ”Муҷодила”, ба далели шикояти зане аз ҳамсараш назди Паёмбари Ислом(с) аст. Ин шикоят ва эътироз ба далели навъе талоқ сурат гирифт.

Вожагии хосси сураи Муҷодила ин аст, ки дар тамоми оёташ калимаи “Аллоҳ” омадааст. Ин вижагӣ фақат дар сураи Муҷодила дида мешавад.

Мӯҳтавои сураи Муҷодиларо метавон ба се бахш тақсим кард:

Бахши аввал ба қавонини марбут ба талоқ дар даврони қабл аз Ислом мепардозад ва сипас назари Исломро дар ин маврид баён мекунад ва қавонини талоқро дар масири дуруст қарор медиҳад.

Ҳамчунин ба масоили марбути одоб ва ахлоқи ҳамнишинӣ ва рафту омад бо дигарон ишора мекунад аз ҷумла сухан гуфтан бо Паёмбар(с) ва ҳамчунин эҳтиром гузоштан ва ҷододан ба касоне, ки тоза вориди маҷлис мешаванд.

Дар охирин бахш, рафтори мунофиқонро баррасӣ мекунад. Касоне, ки дар зоҳир ҳамроҳ ва ҳамсу бо Ислом ва аҳдофи исломӣ ҳастанд, аммо бо душманони Ислом махфёна робита доранд. Дар ин сура ба мусулмонон таъкид мешавад, ки аз ҳамроҳшудан бо гурӯҳи мунофиқон худдорӣ кунанд; Гурӯҳе, ки дар ин сура ба “ҳизби шайтон” тавсиф шудааст. Ҳамчунин ба мусулмонони воқеӣ тавсия ба дӯст доштан дар роҳи Худо ва душманӣ кардан дар роҳи Худо мекунад ва барои ҳузур дар “Ҳизбуллоҳ” даъват мекунад.

Дар ин оят манзур аз “Ҳизбуллоҳ” гурӯҳ ва нажод ва забон ва минтақаи хоссе нест балки ишора ба мӯъминони ростине дорад, ки бо душмани Худо дӯст намешавад ва корҳояшон дар роҳи Худост бинобар ин ҳар мӯъмини муқовим ва устуворе, дар ҳар ҷои дунё ва бо ҳар забоне, ки бошанд ҷузви “Ҳизбуллоҳ” ҳастанд.

captcha