Ба нақл аз расонаҳои хабарӣ, Фикрия Назмӣ, бонуи мусалмон ва муаллими булғорӣ мебошад, ки дар суханоне таъкид мекунад: муҳимтарин авлавияти зиндагии ман ин аст, ки ин динро озодона ва ба дур аз тарсу изтироб густариш диҳам. Ман худам дар даврони кӯдакӣ дар даврони сахте зиндагӣ кардам ва дидам чигуна дин махфиёна паҳн мешавад ва тарс аз дастгирӣ ва шиканҷа ба далели режими коммунистии Булғористон дар он замон вуҷуд дошт.
Фикрия Назмӣ, даъватгар ва муаллими мусалмони булғорӣ, аз таҳаққуқи орзуяш дар хусуси густариши дини Ислом дар миёни мусалмонони Булғористон ибрози хурсандӣ мекунад. Ин дар ҳоле аст, ки мусалмонони ин кишвар барои чандин даҳа ба воситаи вуҷуди ҳукумати коммунистӣ аз баёни ибрози ақидаи мазҳабии худ ва густариши дини Ислом маҳрум буданд ва ба ҳамин далел ҳам наслҳое дар ин кишвар парвариш ёфт, ки ҳеҷ шинохте аз Ислом надоштанд.
Фикрия дар бораи фаъолиятҳои таблиғии худ мегӯяд: алоқаи ман ба таълими Ислом ба даврони кӯдакиам бар мегардад. падарбузургам, ки Ҷамол ном дошт имомхатиби деҳаи мо буд.
Солҳо баъд падарам Назмӣ ба унвони имомхатиб дар деҳаҳо ва шаҳрҳои мухталифи Булғористон машғул ба кор шуд ва ҳамин амр боис шуд то занони деҳаи мо аз ман даъват кунанд то усули Исломро ба онҳо таълим диҳам зеро ман аз хонаводаи мазҳабӣ будам ва падарбузургам низ диндор ва олим нисбат ба улуми динӣ шинохта мешуд.
Ҳақиқатан эҳсоси шодии зиёде кардам. Чун ҳадафи ман аз кӯдакӣ ин буд, ки мисли падарбузург ё падарам бишавам ва Исломро ба мардум таълим диҳам.
Фикрия ба унвони як даъватгари динӣ, авлавиятҳои кории худро ингуна баён мекунад: муҳимтарин авлавияти зиндагии ман ин аст, ки ин динро озодона ва ба дур аз тарсу изтироб густариш диҳам. Худам дар даврони кӯдакӣ дар даврони сахтӣ зиндагӣ кардам, ки дидам чигуна дин махфиёна паҳн мешавад ва тарсе, ки аз дастгирӣ ва шиканҷа ба далели режими коммунистии Булғористон дар он замон вуҷуд дошт. Бино бар ин орзуи кӯдакии ман ин буд, ки худам Исломро биомӯзам ва дар озодии комил ба дигарон омӯзиш диҳам. Худоро шукр, ин ҳамон чизе аст, ки пас аз суқути коммунизм дар Булғористон ба даст омад.
Фикрия дар бораи дастовардҳову муваффақиятҳое, ки дар ҳавзаи омӯзиши масоили динӣ доштааст мегӯяд: ман дар тӯли 12 сол фаъолияти таълими динии худ дастовардҳои бисёре доштаам, ки бахше аз онҳо иборат аст аз:
Вай таъкид кард, бо вуҷуди онки тағйироти мусбате сурат гирифтааст, аммо ҳануз мурдуми ин кишвар ҳақиқат ва аҳамияти пӯшиш ва ҳиҷоби исломиро дарк накардаанд.
https://iqna.ir/fa/news/4150884